Чӣ гуна Бонки ҷаҳонӣ неругоҳи барқии “Норак”-ро дастгирӣ мекунад?

Моҳи ноябр аз оғози кори агрегати якуми неругоҳи барқи обии “Норак” ним аср пур мешавад. Бонки ҷаҳонӣ дар бораи бузургтарин неругоҳи барқии обии Тоҷикистон – “Норак” ва инчунин дастгирии молиявии корҳои таъмиру навсозӣ дар ин неругоҳ маълумоти мухтасари хулоссавӣ ба нашр расонид. Корҳои таъмиру таҷдиди неругоҳи барқи обии “Норак” соли 2007 оғоз гардиданд. Қобили зикр […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Моҳи ноябр аз оғози кори агрегати якуми неругоҳи барқи обии “Норак” ним аср пур мешавад.

Бонки ҷаҳонӣ дар бораи бузургтарин неругоҳи барқии обии Тоҷикистон – “Норак” ва инчунин дастгирии молиявии корҳои таъмиру навсозӣ дар ин неругоҳ маълумоти мухтасари хулоссавӣ ба нашр расонид.

Корҳои таъмиру таҷдиди неругоҳи барқи обии “Норак” соли 2007 оғоз гардиданд. Қобили зикр аст, ки аз ҳаҷми умумии барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолмешуда қариб нисфи он ба неругоҳи мазкур рост меояд.

Барои амалисозии марҳилаи аввали лоиҳа Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) 226 млн доллар (56,6 млн – грант, 169 млн – қарзи имтиёзнок) маблағгузорӣ намуда, анҷоми ин марҳила соли 2023 дар назар аст.

Дар марҳилаи дуюм (солҳои 2022-2030) Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ 115 млн доллар маблағгузорӣ мекунад. Ин сармоягузории бебозгашт аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гуруҳи БҶ, ки ба кишварҳои камбизоаттарини ҷаҳон грант ҷудо мекунад) аллакай маъқул дониста шудааст.

Нимаи моҳи ноябри соли равон аз оғози истифодаи НБО “Норак” ним аср пур мешавад. Маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали неругоҳ 15 ноябри соли 1972 доир гардида, охири соли 1979 неругоҳ пурра ба истифода дода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.