Сабаби фаромадани кӯҳпора дар Айнӣ маълум шуд

Идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Айнӣ мегӯяд, сабаби фаромадани кӯҳ дар деҳаи Вашани ин  ноҳия гаҷхок ва сероб будани кӯҳ аст. Мирзошодиён Мирзошо, сардори ситоди КҲФ ноҳияи Айнӣ  дар як суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, фаромадани кӯҳ дар ин минтақа то ҳол идома дорад ва аз ин рӯ, онҳо наметавонанд, ки  роҳи мошингарди деҳаро, ки рӯзи […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Айнӣ мегӯяд, сабаби фаромадани кӯҳ дар деҳаи Вашани ин  ноҳия гаҷхок ва сероб будани кӯҳ аст.

Мирзошодиён Мирзошо, сардори ситоди КҲФ ноҳияи Айнӣ  дар як суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, фаромадани кӯҳ дар ин минтақа то ҳол идома дорад ва аз ин рӯ, онҳо наметавонанд, ки  роҳи мошингарди деҳаро, ки рӯзи 30 июл дар натиҷаи фуромадани кӯҳпора баст шуд, боз кунанд.

“Кӯҳ аз баландии 200 метр ва паҳноии  40 метр фурӯ рафта,  роҳи мошингардро бастааст” – афзуд сардори ситоди КҲФ ноҳия.

Мирзошодиён гуфт, ки барои рафъи ҳодиса ситоди ноҳиявӣ ташкил гардида, дар назар аст, Муқим Муродзода, раиси ноҳияи Айнӣ аз ҷойи ҳодиса дидан намояд.

Сокинони рустои Вашан мегӯянд, фаромадани кӯҳ бори аввал набуда, давоми чанд сол чунин ҳодиса пайваста рух медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки бар асари фаромадани кӯҳпора дар деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ роҳи мошингарди ин деҳа баста шудааст. Ҳодиса, рӯзи 30 июн рух дода, то ҳол фаромадани кӯҳ идома дорад ва роҳи мошингард низ баста аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.