Чаро боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо маводи нашъадор дар Ӯзбекистон зиёд шуд?

Роҳбарияти Оҷонсии назорати маводи нашъадори кишвар афзоиши якбораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Ӯзбекистон бо маводи мухадир, ба афзоиши қочоқи он аз Афғонистон ба Тоҷикистон дар як соли охир маънидод кард. Ҳабибулло Воҳидзода, роҳбари оҷонсӣ дар шарҳи суоли хабарнигори “Азия-Плюс” вобаста ба ин масъала гуфт, оморҳо нишон медиҳад, ки солҳои охир қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Роҳбарияти Оҷонсии назорати маводи нашъадори кишвар афзоиши якбораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Ӯзбекистон бо маводи мухадир, ба афзоиши қочоқи он аз Афғонистон ба Тоҷикистон дар як соли охир маънидод кард.

Ҳабибулло Воҳидзода, роҳбари оҷонсӣ дар шарҳи суоли хабарнигори “Азия-Плюс” вобаста ба ин масъала гуфт, оморҳо нишон медиҳад, ки солҳои охир қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва вақте аз Афғонистон ба Тоҷикистон зиёд ворид мешавад, ҳамин тариқ, ҷинояткорон онро аз Тоҷикистон ба дигар давлатҳо, аз ҷумла ба Ӯзбекистон интиқол медиҳанд.

 – Дар нимсолаи соли 2021 166 нафар бо гумони интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар хориҷ аз кишвар боздошт ва аз онҳо 22 кг маводи мухаддир мусодира карда шуда буд. Вале дар соли 2022-юм 135 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо маводи мухаддир дар дигар давлатҳо боздошт ва аз онҳо 278 кг маводи мухаддир мусодира шуд. Яъне ҳарчанд шумораи боздоштшудагон кам шудааст, вале ҳаҷми маводи мухаддир афзоиш ёфтааст, – гуфт Воҳидзода.

Ба иттилои ин ниҳод, давоми тақрибан як соле, ки “Толибон” дар раъси ҳукумати Афғонистон қарор доранд, талошҳои қочоқи маводи мухаддир бештар шуда, воридоти беш аз 3 тонна маводи мухаддир ба Тоҷикистон пешгирӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар тамоми соли 2020 ҳаҷми содироти маводи мухаддир дар сарҳади ин кишвар 1 тоннаро ташкил дода буд.

Ӯ сабаби асосии ба кишварҳои хориҷа интиқол додани маводи мухадирро ба нархи он маънидод кард, ки ҷинояткорон мехоҳанд онро ҳар чӣ қиматр фурӯхта, пули муфт ба даст биёранд.

“Дар ҳама ҳолат, хоҳ дар дохил ва хоҳ дар хориҷи кишвар мо инро пайгирӣ мекунем. Оиди ҳолатҳои гуфтаи шумо (афзоиши шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Ӯзбекистон бо қочоқи маводи мухаддир боздошт мешаванд-муаллиф) корҳои оперативӣ аз ҷониби Агентӣ идома дорад. Шахсоне, ки ба ин ҷиноят даст доранд, бо пайдо шудан дар ҳудуди Тоҷикистон нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида мешавад”, – гуфт роҳбари оҷонсии назорати маводи мухаддир.

Ёдовар мешавем, ки тақрибан як соли охир, расонаҳои Ӯзбекистон пайваста аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо гумони қочоқи маводи мухаддир дар ин кишвар иттилоъ нашр мекунанд. Бори охир, рӯзи 3 август расонаи “Podrobno.uz” аз мусодираи беш аз 14 кг маводи мухаддир дар ин кишвар хабар дод, ки дар байни гумонбарон шаҳрвандони Тоҷикистон низ буданд.

Ин расона моҳи май низ хабар дода буд, ки ду қочоқбар аз Тоҷикистон ба вилояти Самарқанди Ӯзбекистон чанд баллони гази дорои маводи мухаддир интиқол додаанд, ки дар натиҷа яке аз аз баллонҳо ҳангоми берун овардани маводи мухаддир таркидааст.

Ҳамин тариқ, як сол пеш, расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ҳудуди 100 кило маводи мухаддир дар постгоҳи марзии “Сариосиё” дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, ки мутааллиқ ба шаҳрванди Тоҷикистон будааст, хабар доданд.

Гуфта мешуд, ки дар назари аввал ҳеҷ чизи шубҳаоваре дар мошин мушоҳида нашуда, зимни азназаргузаронии ядак (притсеп)-и автомашинаи боркаш бо ёрии сагони хидматӣ маълум шудааст, ки дар қисмати пеши ядак беш аз 93 бастаи полиэтиленӣ пинҳон карда шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.