Як ронанда дар Душанбе барои беэҳтиромӣ нисбат ба мусофирон 10 шабонарӯз ҳабс шуд

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Наҷибулло Ғоибов, як ронандаи нақлиёти ҷамъиятиро дар Душанбе  барои беэҳтиромӣ ба мусофирон 10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кардааст. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри як иттилоия гуфт, ки навори муносибати дағалонаи Ғоибов бо мусофирон ва бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт рӯзи 6 августи соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид ва […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Наҷибулло Ғоибов, як ронандаи нақлиёти ҷамъиятиро дар Душанбе  барои беэҳтиромӣ ба мусофирон 10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кардааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри як иттилоия гуфт, ки навори муносибати дағалонаи Ғоибов бо мусофирон ва бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт рӯзи 6 августи соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид ва корбарон аз ин раёсат дархост краданд, ки нисбати ин ронанда чораҳои дахлдори қонунӣ андешиданд.

Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Ғоибов ҳамчунин, воситаи нақлиётро бо рақамҳои қайди давлатии бегона ва бе иҷозатнома ба мусофиркашонӣ машғул гардидааст.

“Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати Ғоибов Наҷибулло барои идораи воситаи нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона, тибқи талаботи моддаи 313 ва барои бе иҷозатнома ба мусофиркашонӣ машғул гардидан, тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.”н, тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд”, – омадааст дар хабарнома.

Ҳамин тариқ, бо қарори Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ барои беэҳтиромӣ нисбат ба мусофирон Ғоибов ба 10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ равона карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.