Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад

Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод намудааст, ки дар анҷоми расмиёти ариза ҷиҳати гирифтани патенти кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ банди нав илова шавад. Дар он огоҳинома дар бораи сафари шаҳрванди хориҷӣ, ки на бо ҳадафи кор кардан, балки бо дигар мақсад омадааст, пешбинӣ шудааст. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе аз маркази матбуоти ВКД хабар додаанд, менависад […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод намудааст, ки дар анҷоми расмиёти ариза ҷиҳати гирифтани патенти кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ банди нав илова шавад. Дар он огоҳинома дар бораи сафари шаҳрванди хориҷӣ, ки на бо ҳадафи кор кардан, балки бо дигар мақсад омадааст, пешбинӣ шудааст. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе аз маркази матбуоти ВКД хабар додаанд, менависад ТАСС.

Дар Вазорат зикр кардаанд, ки лоиҳаи фармон омода шуда, ба баррасии ҷомеа пешниҳод шудааст. Дар он ворид намудани тағйирот ба аризае, ки барои гирифтани патент дода мешавад, анҷоми расмиёти дубораи он, додани нусха (дубликат)-и патент ё ворид намудани тағйирот ба маълумоти дар он зикршуда пешбинӣ шудааст.

Бар ин асос, дар лоиҳаи фармон иловаи банд ба варақаи ариза барои додани патент пешбинӣ шудааст, ки дар он шаҳрванди хориҷии ба Русия воридшуда на барои коркунӣ, балки бо дигар мақсадҳо, бояд дар бораи тағйири ҳадафи сафар ба Русия зимни муроҷиат бо ариза барои анҷоми расмиёти патент хабар диҳад.

Бино ба маълумоти ВКД, давоми моҳҳои январ-июни соли 2022 муҳоҷирони меҳнатӣ зиёда аз 1 млн патент барои кор ба расмият даровардаанд, ки 167 ҳазор адад зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.