Иштироки Азим Иброҳим дар конфронси вазирони кишварҳое, ки ба баҳр роҳи баромад надоранд

Ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар як конфронс дар Туркманистон бо ҳузури намояндагони кишварҳое, ки ба баҳр роҳи баромад надоранд, иштирок мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. Дар ин чорабинӣ намояндагони 32 кишвари дар ҳоли рушд қарордошта бо 30 созмони байнулмилалӣ ширкат меварзанд. Конфронс имрӯзу пагоҳ дар […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар як конфронс дар Туркманистон бо ҳузури намояндагони кишварҳое, ки ба баҳр роҳи баромад надоранд, иштирок мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар ин чорабинӣ намояндагони 32 кишвари дар ҳоли рушд қарордошта бо 30 созмони байнулмилалӣ ширкат меварзанд. Конфронс имрӯзу пагоҳ дар шаҳри Аваз доир мегардад.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Азим Иброҳим дар сессияи чоруми Конфронс: “Тезонидани рақамикунонӣ барои беҳтарсозӣ транзит ва соддагардонии раванди тиҷорат, ҳамзамон барқаррорсозии устувор пас аз давраи пандемияи COVID-19” маърӯза мекунад.

Гуфта мешавад, дар Конфронс масъалаҳои рушди долонҳои нақлиётии минтақавӣ, ҳамгироии системаи инфрасохтори  ҳамлу нақли мултимодалӣ, рақамикунонии раванди ҳамлу нақл, рушди нақлиёти барқӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор хоҳанд гирифт.

Тоҷикистон яке аз 32 кишварҳои иштирокчии ин конфронс мебошад, ки роҳи баромад ба баҳр надорад.

Аз ин рӯ, кӯшиш мекунад, ки бо бандарҳои Эрон дар ҷанубу шимол пайваст шавад, то ки долонҳои нақлиёти бунёд намуда, ба рушди тиҷорат мусоидат намояд.

Қаблан 5 август Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки Тоҷикистон дар нақша дорад, ки яке аз кишварҳои транзитии минтақаи Осиёи Марказӣ шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.