Чор медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ

Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки дар Туркия ҷараён дорад, варзишгарони Тоҷикистон 4 медал – 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук – мусобиқаи ҷаҳиш ба дарозӣ – бо натиҷаи 7.86 метр сазовори медали нуқра шуд. Варзишгари тоҷик Екатерина Ишенко дар мусобиқаи тенниси […]

Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки дар Туркия ҷараён дорад, варзишгарони Тоҷикистон 4 медал – 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук – мусобиқаи ҷаҳиш ба дарозӣ – бо натиҷаи 7.86 метр сазовори медали нуқра шуд.

Варзишгари тоҷик Екатерина Ишенко дар мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд сазовори медали нуқра шуд.

Мусобиқаи пара-тенниси рӯи миз (класси 9) ба таври даврӣ сурат гирифт. Дар мусобиқа 4 варзишгар ширкат карданд. Екатерина дар ду давр бар варзишгарони Эрон Пагоҳ Кулоҳрудӣ ва Сумайя Мустафовижафарухӣ ғалаба карда, аз варзишгари мизбон Неслихон Каваш мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол кард.

Дар гӯштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг сазовори ду медали биринҷӣ шуданд.

Гуфта мешавад, бозиҳо то 18 август идома меёбад. Варзишгарони мо дар намудҳои камонварӣ, ҷудо ва каратэ мусобиқаҳоро идома медиҳанд.

Пас аз натиҷагирии шаш рӯзи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони мизбон сазовори 177 медал (63 тилло, 63 нуқра, 51 биринҷӣ) гардидаанд. Эрон бо 28 медали тилло, 23 нуқра, 27 биринҷӣ (78 медал) дар ҷои дуюм, Узбекистон бо 21 медали тилло, 18 нуқра, 26 биринҷӣ (35 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Тоҷикистон бо 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 27-ум аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.