“Ориёнбонк” дар Тошканд намояндагӣ боз кард

Бонки марказии Ӯзбекистон намояндагии ҶСК “Ориёнбонк”-ро ба қайд гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти бонк. Дар хабар зикр мешавад, ки намояндагии “Ориёнбонк” 3 август сабти ном шуда, иҷозатномааш то 2 августи соли 2025 амал мекунад. То ин дам дар Ӯзбекистон намояндагиҳои ҳафт бонки хориҷӣ амал мекарданд:  «J.P. Morgan Chase Bank» (ИМА), «Газпромбанк» (ФР), «Commerzbank AG» (Олмон), […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки марказии Ӯзбекистон намояндагии ҶСК “Ориёнбонк”-ро ба қайд гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти бонк.

Дар хабар зикр мешавад, ки намояндагии “Ориёнбонк” 3 август сабти ном шуда, иҷозатномааш то 2 августи соли 2025 амал мекунад.

То ин дам дар Ӯзбекистон намояндагиҳои ҳафт бонки хориҷӣ амал мекарданд:  «J.P. Morgan Chase Bank» (ИМА), «Газпромбанк» (ФР), «Commerzbank AG» (Олмон), «Landensbank Baden-Wurttemberg» (Олмон), инчунин «Kyongnam Bank», «Shinhan Bank» ва «Korea Eximbank» (ҳамаашон аз Ҷумҳурии Корея).

Намояндагии бонки хориҷӣ танҳо бо мақсади муаррифии манфиатҳои бонки асосӣ бо мақсади ҷустуҷӯи шарикон, баргузории маъракаҳои таблиғотӣ ва таҳқиқоти бозорёбӣ (маркетинг) таъсис дода мешавад. Намояндагии бонк мисли филиалаш ба анҷоми амалиёти бонкӣ ҳуқуқ надорад.

Ёдрас мекунем, ки дар қаламрави Ӯзбекистон қариб се сол инҷониб “Алиф Тек” ва “Алиф Молия” амал мекунанд, ки молики онҳо “Алиф Бонк” мебошад.

Тобистони соли 2019 “Алиф Тек” ба сифати ташкилоти пардохтӣ аз Бонки марказии Ӯзбекистон иҷозатнома гирифта, дар қаламрави кишвари ҳамсоя амалиёти интиқоли фаромарзӣ, пардохт дар муассисаҳо, пур кардани тавозуни дастгоҳи мобилӣ, пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ ва ғайра анҷом медиҳад.

ҶСК “Ориёнбонк” ба рӯйхати бонкҳои низомсози кишвар дохил буда, ҳиссаи он дар бозори миёнаравии молиявии Тоҷикистон 20,06%-ро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ин нишондиҳанда аз “Ориёнбонк” танҳо бонки давлатии “Амонатбонк” пешсаф аст, ки ҳиссаш ба 24,64% баробар аст.

Дар қаламрави Тоҷикистон 32 филиал ва 237 маркази хизматрасонии бонки мазкур фаъолият мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.