Медали нуқраи ҷудокори тоҷик Абӯбакр Шеров дар Қазоқистон

Гӯштингири тоҷик Абӯбакр Шеров дар мусобиқоти Ҷоми кушоди Осиё (Aktau Asian Open 2022) оид ба ҷудо ба дарёфти медали нуқра шарафёб гардид. Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мусобиқа рӯзҳои 13-14 август дар шаҳри Актауи Қазоқистон баҳри гиромидошти хотираи Турар Жолдибаев баргузор шуд. Гуфта мешавад, Абӯбакр нерусанҷиро аз даври дуюм оғоз карда, бар […]

Гӯштингири тоҷик Абӯбакр Шеров дар мусобиқоти Ҷоми кушоди Осиё (Aktau Asian Open 2022) оид ба ҷудо ба дарёфти медали нуқра шарафёб гардид.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мусобиқа рӯзҳои 13-14 август дар шаҳри Актауи Қазоқистон баҳри гиромидошти хотираи Турар Жолдибаев баргузор шуд.

Гуфта мешавад, Абӯбакр нерусанҷиро аз даври дуюм оғоз карда, бар варзишгари мизбон Азамат Зулжалелов ва дар чорякниҳоӣ бар ҷудокори дигари мизбон Болат Билол дастболо шуд.

“Дар қувваозмоии нифмифиналӣл бар сеюм ҷудокори мизбон Алмас Галимов пирӯз шуда, вале дар финал аз ҷудокори пуртаҷрибаи мизбон Сунгат Жубаткан бо дарёфти се «шидо» мағлуб ва барандаи медали нуқра гардид”, – омадааст дар хабари Кумита.

Ба иттилои манбаъ, намояндаи дигари Тоҷикистон Наврӯз Каримзод дар вазни -73кг ҷои ҳафтумро гирифт.

Зикр мегардад, ки дар мусобиқа 154 варзишгар аз шаш давлат ширкат карданд. Тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон иборат аз 8 нафар дар ин мусобиқа иштирок карда, танҳо як нафар – Абӯбакр Шеров дар вазни -66кг ба гирифтани медали нуқра даст ёфт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.