Толибон мехоҳанд аз Русия 1 млн баррел нафт харанд

Ҳайати Толибон дар ҷараёни музокирот дар Маскав ба Русия пешниҳод кардааст, ки ба ҷониби Афғонистон ҳудуди 1 миллион баррел нафт бифурӯшад. Дар ин бора "Коммерсант" бо истинод ба Нуриддин Азизӣ, вазири саноат ва савдои ҳукумати Толибон хабар медиҳад. Ӯ афзудааст, ки Толибон дар сурати таваҷҷуҳи Русия ба “баъзе маҳсулоти Афғонистон” бар ивази манобеъи энержӣ гузинаи […]

Asia-Plus

Ҳайати Толибон дар ҷараёни музокирот дар Маскав ба Русия пешниҳод кардааст, ки ба ҷониби Афғонистон ҳудуди 1 миллион баррел нафт бифурӯшад.

Дар ин бора "Коммерсант" бо истинод ба Нуриддин Азизӣ, вазири саноат ва савдои ҳукумати Толибон хабар медиҳад.

Ӯ афзудааст, ки Толибон дар сурати таваҷҷуҳи Русия ба “баъзе маҳсулоти Афғонистон” бар ивази манобеъи энержӣ гузинаи тиҷорати додугирифтро (бартерӣ) баррасӣ мекунанд.

«Мо ба Русия тақрибан 1 миллион (баррел. – «Коммерсант») пешниҳод кардем, агар бештар фиристад, пас ин мушкил нест… Мо инчунин мехоҳем гузинаи савдои додугирифтро баррасӣ кунем, ба шарте, ки Русия ба ягон навъи маҳсулоти Афгонистон таваҷҷӯҳ кунад.»,— иброз дошт Нуриддин Азизӣ дар суҳбат бо хабарнигори РИА Новости.

Моҳи июни соли равон дар ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (SPIEF) раиси Палатаи савдо ва саноати Афғонистон Муҳаммадюнус Ҳусейн аз нақшаи Афғонистон барои харидории 5 ҳазор тонна нафт ва 2 миллион тонна ғалла аз Русия хабар дода буд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Толибон барои музокирот дирӯз, 14 август вориди Маскав шуд.

Сарфи назар аз он, ки мақомоти Афғонистонро ҷунбиши террористии Толибон ташкил медиҳанд, сафири Русия дар Кобул гуфт, ҷониби Русия бояд бо Толибон дар масоили марбут ба манфиатҳои Маскав ҳамкорӣ кунад. Вай пешниҳод кард, ки ҳамкорӣ бо Толибонро ҳамчун як воқеият бояд қабул кард, ки "аз он касе гурехта наметавонад".

Бояд гуфт, ки аз суқути Афғонистон имрӯз 15 август як соли пурра шуд ва то имрӯз ягон давлат ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.