Дар Ӯзбекистон нусхаи дастнависи Қуръони каримро дуздиданд

Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон нусхаи дастнависи Қуръони карим дуздида шуд, хабар медиҳад Centralasia.media бо истинод ба хадамоти матбуоти Раёсати умури дохилии вилоят. Гуфта мешавад, нусхаи китоби муқаддас шаби 9 ба 10 август рабуда шудааст. Шахсони номаълум нусхаи дастнависи китоби Қуръони каримро, ки дар макони зиёрати “Султон Увайси Қаранӣ” дар маҳаллаи “Балликӯл” дар ноҳияи Чортоқ нигаҳдорӣ […]

Asia-Plus

Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон нусхаи дастнависи Қуръони карим дуздида шуд, хабар медиҳад Centralasia.media бо истинод ба хадамоти матбуоти Раёсати умури дохилии вилоят.

Гуфта мешавад, нусхаи китоби муқаддас шаби 9 ба 10 август рабуда шудааст. Шахсони номаълум нусхаи дастнависи китоби Қуръони каримро, ки дар макони зиёрати “Султон Увайси Қаранӣ” дар маҳаллаи “Балликӯл” дар ноҳияи Чортоқ нигаҳдорӣ мешуд, дуздида, ба самти номаълум ғайб задаанд.

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ин робита бо моддаи 169 Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон (Дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, ҷараёни тафтишот зери назорати Раёсати умури дохилӣ ва прокуратураи вилоят қарор дорад.

Нусхаи дуздидашудаи Қуръони Карим аз абрешим соли 1874 тайёр шудааст. Баландии китоб 74 сантиметр, бараш – 51 сантиметр ва ғафсиаш – 12 сантиметрро ташкил медиҳад. Дар ҳар кадоме аз 426 саҳифаи китоб 13 сатр оятҳо навишта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.