Семён Григорев – сафири нави Русия дар Тоҷикистон

Владимир Путин, Президенти Русия Семён Григоревро Сафири нави фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон таъйин кард. Ӯ дар ин маснад Игор Лякин-Фроловро иваз намуд. Лякин-Фролов аз соли 2013 сафири Русия дар Тоҷикистон буд. То замони таъйин шудан ба ин вазифа Семён Григорев дар ВКХ роҳбарии департамент оид ба робита бо субъектҳои Федератсия, парламент ва иттиҳодияҳои […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Владимир Путин, Президенти Русия Семён Григоревро Сафири нави фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон таъйин кард.

Ӯ дар ин маснад Игор Лякин-Фроловро иваз намуд. Лякин-Фролов аз соли 2013 сафири Русия дар Тоҷикистон буд.

То замони таъйин шудан ба ин вазифа Семён Григорев дар ВКХ роҳбарии департамент оид ба робита бо субъектҳои Федератсия, парламент ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба зимма дошт.

Гуфтан ба маврид аст, ки ӯ қаблан низ дар Тоҷикистон ба ҳайси мушовири сиёсии дафтари САҲА фаъолият кардааст. Муддате дар сафорати Русия дар Афғонистон ва Эрон ҳамчун мушовир кор кардааст.

Ҳамчунин, Семён Григорев солҳои 2008-2018 ба ҳайси аввалин сафири Русия дар Ҷумҳурии Абхазия адои вазифа намудааст.

Сафири нав донандаи забонҳои форсӣ, англисӣ ва пашту мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.