Нисбат ба сарулибоси занони Эрон маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешавад

Дар Эрон президенти ин кишвар Иброҳим Раисӣ қонуни наверо имзо кард, ки “Дар бораи ҳиҷоб ва иффат” ном дошта, маҳдудиятҳои зиёду наверо болои сарулибоси занон ҷорӣ мекунад. Тавре ки Радиои Озодӣ бо истинод ба Оҷонсии IRIB, ки ба телевизиони давлатӣ наздик аст, хабар медиҳад, рӯзи 14 август Муҳаммад Солеҳ Ҳошимӣ Гулпойгонӣ дар як конфронс дар […]

РАдиои Озодӣ

Дар Эрон президенти ин кишвар Иброҳим Раисӣ қонуни наверо имзо кард, ки “Дар бораи ҳиҷоб ва иффат” ном дошта, маҳдудиятҳои зиёду наверо болои сарулибоси занон ҷорӣ мекунад.

Тавре ки Радиои Озодӣ бо истинод ба Оҷонсии IRIB, ки ба телевизиони давлатӣ наздик аст, хабар медиҳад, рӯзи 14 август Муҳаммад Солеҳ Ҳошимӣ Гулпойгонӣ дар як конфронс дар бораи ҳиҷоб суҳбат карда гуфтааст, ки поймолкунандаҳои қонуни нав ҷаримабандӣ мешаванд ва агар аксҳои бонувони корманди сохторҳои давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мутобиқ бо меъёрҳои шариат нашр нашаванд, аз кор ронда хоҳанд шуд.

Гулпойгонӣ дабири “Ситоди амри маъруф ва наҳйи мункар” аст, ки масъули назорати шеваи рафтор дар ҷомеаи Эрон мебошад.

Гуфта мешавад, бар асоси қонуни наве, ки президент имзо кардааст, заноне, ки дар интернет аксҳои худро бе ҳиҷобу рӯймол нашр мекунанд, ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол аз баъзе ҳуқуқи иҷтимоӣ маҳрум мешаванд.

Зикр мегардад, ки чанд моҳи охир мақомот дар Эрон фишору маҳдудият болои занҳоро зиёд карда, онҳоеро, ки, ба қавли мақомот, қоидаи ҳиҷобпӯширо вайрон кардаанд, ҷазо медиҳанд. Ҳиҷобпӯшӣ дар Эрон барои занон ҳатмӣ аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.