Маҳкумшудаҳо ба қатли оилаи Маҳмадовҳо дар Ҷайҳун ба Суди Олӣ шикоят бурданд

Як манбаъ аз Суди вилояти Хатлон ба “Asia-Plus” хабар дод, ки се нафар маҳкумшудаи парвандаи пурсарусадои куштори оилаи Маҳмадовҳо дар ноҳияи Ҷайҳун ба Суди Олӣ шикояти кассатсионӣ бурдаанд. “Қиёмиддин Насриддинов, Маҳмадғаюр Хайбуллоев ва Адолат Шерматова бо ҳукми суди вилоят розӣ нашуда, аз болои он ба Суди Олӣ шикоят бурдаанд”, – гуфт манбаъ. Хабари шикояти маҳкумшудаҳоро […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-plus

Як манбаъ аз Суди вилояти Хатлон ба “Asia-Plus” хабар дод, ки се нафар маҳкумшудаи парвандаи пурсарусадои куштори оилаи Маҳмадовҳо дар ноҳияи Ҷайҳун ба Суди Олӣ шикояти кассатсионӣ бурдаанд.

“Қиёмиддин Насриддинов, Маҳмадғаюр Хайбуллоев ва Адолат Шерматова бо ҳукми суди вилоят розӣ нашуда, аз болои он ба Суди Олӣ шикоят бурдаанд”, – гуфт манбаъ.

Хабари шикояти маҳкумшудаҳоро Саймумин Кабиров, адвокати Маҳмадғаюр Хайбуллоев дар суҳбат бо “Asia-Plus” тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки бо ҳукми Суди вилояти Хатлон нисбати зерҳимояаш розӣ нестанд ва аз болои он ба Суди Олӣ шикояти кассатсионӣ бурдаанд.

“Гуноҳи зерҳимояи ман на дар рафти тафтишоти пешакӣ ва на дар рафти мурофиаи судӣ тасдиқи худро наёфтанд. Суд ҳама дархостҳои моро вобаста ба таъини тафтишоти прокурорӣ рад кард. Ғайр аз ин, баёнотҳои зерҳимояи ман дар парванда ва айбнома фарқкунанда буданд. Аз ин хотир, мо бо ҳукми суд розӣ нашуда, шикоят бурдем”, – гуфт Саймумин Кабиров.

Қаблан, зимни мурофиаи судӣ ҳар се айбдоршаванда аз баёноте, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ дода буданд, даст кашида, худро дар куштори оилаи Маҳмадовҳо бегуноҳ дониста буданд. Онҳо даъво доштанд, ки зери фишор ва бар асари шиканҷа баёнот додаанд.

Аммо новобаста ба ин, Суди вилояти Хатлон Қиёмиддин Насриддинов, Маҳмадғаюр Хайбуллоев ва Адолат Шерматовро дар куштори оилаи Маҳмадовҳо гунаҳгор дониста, дуи аввалро ба ҳукми абад ва Адолат Шерматовро ба 29 соли зиндон маҳкум карда буд.

Куштори пурсарусадои падари оила ва се фарзанди ноболиғаш шаби 12 июни соли 2021 рух дод. Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ва се фарзанди 8,13 ва 14-солааш ба таври ваҳшиёна кушта шуданд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилаи кишвар видеоеро вобаста ба ин ҷиноят нашр кард. Дар ин навори видеоӣ сокинони ҳамин ноҳия Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев нақл карданд, ки чӣ гуна ин кушторро содир кардаанд.

Баъдан, аз хонаводаи Маҳмадов, ҳамсараш Латофат Азизова ва як писараш, ки зинда монданд, гумонбаронро шинохтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.