Толибон* дар Панҷшер ва Андароб фармондеҳони нави низомӣ таъйин карданд

Роҳбари Толибон* бо фармоне барои вилояти Панҷшер ва вулусволиҳои Андаробу Бағлон масъули низомии нав таъйин кард. Дар ин бора Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* хабар додааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, рӯзи якшанбе, 22 август бо нашри фармони Мулло Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари ин гурӯҳ дар Твиттери худ гуфтааст, ки мулло Абдулқаюм Зокир, масъули низомии умумии вилояти Панҷшер ва Андаробу […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-plus

Роҳбари Толибон* бо фармоне барои вилояти Панҷшер ва вулусволиҳои Андаробу Бағлон масъули низомии нав таъйин кард. Дар ин бора Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* хабар додааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, рӯзи якшанбе, 22 август бо нашри фармони Мулло Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари ин гурӯҳ дар Твиттери худ гуфтааст, ки мулло Абдулқаюм Зокир, масъули низомии умумии вилояти Панҷшер ва Андаробу Бағлон таъйин шудааст. Ӯ зодаи вилояти Ҳилманд буда, қаблан дар вазифаи муовини сарпарасти вазорати мулофиаи Толибон* фаъолият кардааст.

Ҳамчунон, бар асоси ин фармон Мулло Муҳаммад Тайиб Ҳаққонӣ ба ҳайси қумондони амнияи Панҷшер таъйин шудааст.

Ин таъйинот дар ҳоле анҷом мешавад, ки ахиран даргириҳо миёни Толибон ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовамати миллӣ дар Панҷшер, Бағлон ва Тахор афзоиш ёфта, ҷонибҳо аз кушта шудан ва асир афтодани даҳҳо ҷанговари рақиб иттилоъ медиҳанд.

Аз ҷумла, Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ахиран эълон кард, ки дар як задухӯрд бо ҷанговарони толиб 40 нафари онҳоро ба асорат гирифтанд. Иттилое, ки Толибон* тасдиқ накарданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.