Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот бештар қимат шуд?

Давоми моҳҳои январ-июли соли 2022 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 4,6%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори кишвар. Ин нишондиҳанда 0,3 банди фоизӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Гуфта мешавад, дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 7,6% ва маҳсулоти ғайриозуқа – 2,6% боло рафта, хидматрасониҳои пулакӣ ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми моҳҳои январ-июли соли 2022 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 4,6%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори кишвар. Ин нишондиҳанда 0,3 банди фоизӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Гуфта мешавад, дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 7,6% ва маҳсулоти ғайриозуқа – 2,6% боло рафта, хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ баръакс, 0,9% арзон шуданд.

Аз маҳсулоти озуқаворӣ гуруҳи маҳсулоти зерин бештар гарон шуданд:

– сабзавот – 21,3%;

– қанд (шакар) – 17,2%;

– маҳсулоти нонӣ ва ярма (крупа) – 14,5%;

– тухм – 7,7%;

– шир – 7%.

Нархи маҳсулоти озуқаворӣ асосан аз ҳисоби гароншавии маҳсулоти зерин боло рафт:

– сӯзишвории дизелӣ (солярка) – 17,9%;

– маводи шустушӯ – 11,3%;

– маҳсулоти доруворӣ – 7,9%;

– масолеҳи сохтмон – 3,5%.

Коҳиши сатҳи нархҳо ба хизматрасонии пулакӣ ба аҳолиро дар Агентии омор дар навбати аввал ба арзоншавии хидматрасониҳои тиббӣ ба андозаи 3,8% нисбат медиҳанд.

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2021 низ ба ҳамин миқдор болоравии нарху таърифаҳо (тарифҳо) дар назар буд, лекин сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои сол 8%-ро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.