Афзоиши ҳукми қатл дар Эрон

Созмонҳои мухталифи ҳуқуқи башар мегӯянд, танҳо дар ҳафтаи охири моҳи июли соли ҷорӣ дар Эрон 32 нафар, аз ҷумла се зани муттаҳам ба куштори шавҳаронашон ба эъдом маҳкум шудаанд. Дар ин бора BBC иттилоъ дода, таъкид намудааст, ки мақомоти Эрон “истифодаи ҳукми қатлро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш дода, дар соли ҷорӣ назар ба соли […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-plus

Созмонҳои мухталифи ҳуқуқи башар мегӯянд, танҳо дар ҳафтаи охири моҳи июли соли ҷорӣ дар Эрон 32 нафар, аз ҷумла се зани муттаҳам ба куштори шавҳаронашон ба эъдом маҳкум шудаанд.

Дар ин бора BBC иттилоъ дода, таъкид намудааст, ки мақомоти Эрон “истифодаи ҳукми қатлро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш дода, дар соли ҷорӣ назар ба соли гузашта ду маротиба бештар одамонро эъдом кардаанд”.

“Созмонҳои ҳуқуқи башар гузориш медиҳанд, ки дар Эрон нисбат ба ҳар кишвари дигар бештар занон эъдом мешаванд, ки аксари онҳо дар куштори шавҳаронашон муҷрим шинохта шудаанд”,- навиштааст BBC.

Бо истинод ба гузоришҳои фаъолони ҳуқуқи башар, BBC менависад, ки “бештари парвандаҳо иттиҳомоти хушунати хонаводагӣ доранд, аммо додгоҳҳои Эрон аксаран инро ба инобат намегиранд”.

Тибқи иттилои нашркардаи мудофеъони ҳуқуқи башар имсол дар Эрон истифодаи ҳукми қатл дар муқоиса ба солҳои қаблӣ афзоиш ёфтааст.

Созмони Ҳуқуқи башари Эрон гузориш додааст, ки дар шаш моҳи аввали соли 2022 дастикам 251 нафар, аз ҷумла 6 зан ва 67 ақаллияти балуҷ эъдом шудаанд. Ин нисбат ба теъдоди эъдомҳо дар ҳамин давраи соли 2021, ки 117 нафар эъдом шуда буданд, ду баробар бештар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.