Ҷаримаи танӯрфурӯш ва масъули “автомойка”

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар пайи шикояти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ масъули нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт ва дӯкони фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум, воқеъ дар маҳаллаи Гипроземро ҷарима кардаанд. Муҳаммадӣ  Холматов барои “иҷозаи гузоштани нақлиёт дар роҳи пиёдагард” ва Ҷамшед Раҷабов барои “коста гардонидани ҳусни атроф ва халалдор кардани ҳаракати шаҳрвандон” ҷаримабандӣ гардиданд, хабар медиҳад сомонаи […]

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар пайи шикояти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ масъули нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт ва дӯкони фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум, воқеъ дар маҳаллаи Гипроземро ҷарима кардаанд.

Муҳаммадӣ  Холматов барои “иҷозаи гузоштани нақлиёт дар роҳи пиёдагард” ва Ҷамшед Раҷабов барои “коста гардонидани ҳусни атроф ва халалдор кардани ҳаракати шаҳрвандон” ҷаримабандӣ гардиданд, хабар медиҳад сомонаи раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

“Мизоҷони нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт, аз хунукназарии масъулони нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт истифода бурда, автомашинаҳои худро дар байни роҳи пиёдагард гузоштаанд. Фурӯшанда Ҷамшед Раҷабов бошад, танӯрҳои худро дар ду канори роҳи пиёдагард гузошта, дар баробари коста гардонидани ҳусни атроф, ба ҳаракати шаҳрвандон халал ворид сохтааст”, – омадааст дар хабар.

Таъкид мегардад, ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ин нафаронро дар пайи нашри акс аз ҷониби корбари «Фейсбук» ва хоҳиши андешидани чораҳои зарурӣ, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб намудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.