Нахустнамоиши “Фурӯғ”. Тасвири зиндагии духтараке бо имконияҳои маҳдуд

Date:

26 август дар кинотеатри “Ватан” нахустнамоишии филми бадеии “Фурӯғ” баргузор мегардад. Филм аз ҷониби коргардони ҷавон Одинаи Маҳмад таҳия шуда, муаллифи филмнома Абдулҳай Зокиров ва наворбардор Абдукарим Уроқов мебошад.

Филми мазкур аз зиндагии духтараки имконияташ маҳдуд (кар ва гунг) нақл мекунад, ки марги ногаҳонии модар ба ҳолати рӯҳии ӯ таъсири ҷиддӣ расонидааст.

Филми “Фурӯғ” давоми 8 моҳ наворбардорӣ ва танзим шуда, дар он нақши асосиро Зулайхои 7 – сола иҷро мекунад. Барои иҷрои нақши духтараки имконияташ маҳдуд Зулайхо ду моҳ аз муаллимони забони имо ва ишора дарс гирифтааст.

Ба гуфтаи коргардон “дар аввал мехостанд ба нақши асоси духтараки имконияташ маҳдудро ҷалб кунанд, аммо баъдан бо назардошти душвории кор ҳангоми сабт, аз нияти худ даст кашиданд”.

Гуфтан ба маврид аст, ки солҳои охир коргардонҳои тоҷик бештар ба наворгирии филмҳои кӯтоҳ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, зеро он хароҷоти кам дорад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...