Сафорати Русия дар Тоҷикистон додани шиносномаи хориҷиро муваққатан қатъ кард

Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз 29 август қабули аризаҳоро барои додани шиноснома дар хориҷи кишвар бо муҳлати амалашон 10 сол ва дорои микрочип бо маълумоти биометрии соҳиби он муваққатан қатъ кард. Дар ин бора дар сомонаи сафорат хабар дода мешавад. Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар медиҳад, аз 26 август бо сабабҳои техникӣ дар […]

Asia-Plus

Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз 29 август қабули аризаҳоро барои додани шиноснома дар хориҷи кишвар бо муҳлати амалашон 10 сол ва дорои микрочип бо маълумоти биометрии соҳиби он муваққатан қатъ кард. Дар ин бора дар сомонаи сафорат хабар дода мешавад.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар медиҳад, аз 26 август бо сабабҳои техникӣ дар тамоми кишварҳо додани шиносномаҳои насли нав – бо ҳомили (дорандаи) маълумоти электронӣ ва 10 сол муҳлати амал муваққатан қатъ мешавад.

“Дар робита ба зарурати бозсозии шакли ҳомили электронӣ, додани ҳуҷат муваққатан манъ шуд”, – омадааст дар маълумот.

Зикр мегардад, ки анҷоми расмиёти шиносномаҳои намунаи кӯҳна бо 5 сол муҳлати амал бидуни тағйирот идома меёбад.

Дар сомонаи сафоратхонаҳои Русия дар хориҷи кишвар дар бораи мутаваққиф шудани додани шиносномаҳои биометрӣ маълумот нашр шуд. Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки ин маҳдудият ба шаҳрвандони дар Русия қарордошта дахл дорад ё не.

Намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова дар ин робита изҳор намудааст, ки ин тадбирҳо муваққатӣ буда, дигар кардани шакли он вобаста ба талаботи замони муосир дахл дорад.

Додани шинсонмаи намунаи нав дар Русия аз соли 2006 оғоз шуд. Аз шиносномаи кӯҳна онҳо бо доштани чипи маълумоти биометрӣ ва дигар маълумот дар бораи соҳиби он фарқ мекунанд.

Тибқи маълумоти ВКД Русия, дар Русия дар нимаи аввали соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба шаҳрвандон 45% бештар шиносномаи хориҷӣ дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.