Ҳифзи маълумоти махфӣ дар Тоҷикистон пурзӯртар мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Барномаи давлатии пурзӯр намудани ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шавад. Қарори марбутаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин хусус дар портали иттилоти ҳуқуқии Вазорати адлия рӯзи 30 август ба нашр расид. Дар қарор дастур дода шудааст, ки Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Барномаи давлатии пурзӯр намудани ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шавад.

Қарори марбутаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин хусус дар портали иттилоти ҳуқуқии Вазорати адлия рӯзи 30 август ба нашр расид.

Дар қарор дастур дода шудааст, ки Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи мазкур тасдиқ карда шавад. Барои ин чорабиниҳо то соли 2026 ба сурати умум ҷудо гардидани ҳудуди 15,6 млн сомонӣ (1,5 млн доллар) маблағ пешбинӣ шудааст. Ин маблағҳо аз Буҷети давлатӣ ва “дигар сарчашмаҳо” ҷудо карда мешаванд.

Ҳадафи аслии таҳияи барномаи мазкур тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи маълумоти махфӣ ва маълумот бо дастрасии маҳдуд тариқи шабакаҳои техникӣ унвон мешавад.

Таҳияи Барнома бо он асоснок карда мешавад, ки дар шароити имрӯза ба таври бояду шояд роҳандозӣ намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ки аз сирри давлатӣ иборат аст, аҳаммияти хосса пайдо намуда, дар таъмини амнияти миллӣ нақши калидӣ иҷро мекунанд.

Дар санад гуфта мешавад, истифодаи васеи технологияҳои муосир дар фаъолияти аксарияти соҳаҳои давлатӣ ҷараёни дастрасии кишварҳои хориҷиро ба маълумоти махфӣ осон кардааст.

Зикр мегардад, ки ҷонибҳои манфиатдор барои расидан ба ҳадафҳои худ дар дастрасӣ ба иттилооти махфӣ мунтазам имконоти низомҳои худ ва комплексҳои дорои вазифаҳои бисёри худро беҳтар мекунанд.

“Дар ин робита таҳия ва ҷорисозии низомҳои нави иктишоф (разведка), такмили восита ва тарзу усулҳои ҷамъоварии маълумот ва коркарди автоматии он, тайёр кардани таҳлилгарон ва дигар мутахассисони баландихтисос ҷараён дорад”, – таъкид месозанд муаллифони Барнома.

Таҳиягарони санад инчунин таъкид мекунанд, ки шумори мақомоти дорои реҷаи кори махфӣ дар ҷумҳурӣ ба зиёда аз ҳазор адад расида, сол то сол тамоили афзоиши онҳо ва мутаносибан, хавфи дастрасӣ пайдо кардан ба маълумоти дорои сирри давлатӣ зиёд мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.