Як ҷавони 29 – солаи пойтахт бо гумони қаллобӣ ва пардохт накардани маблағи се автомошина боздошт шудааст, хабар медиҳад сомонаи расмии ВКД.
Бинобар навиштаи сомонаи ВКД ин ҷавон се автомашинаи тамғаи “Тойота-Бокс”, “Тойота-Камри” ва “Лексус RX” – ро нархгузорӣ карда, маблағашро то ба ҳол ба соҳибони автомашина барнагардонидааст.
Зикр карда мешавад, ки ҷавони боздоштгардида “Тойота-Камри”-ро 265 ҳазор сомонӣ, “Лексус RX”-ро 100 ҳазор сомонӣ ва “Тойота-Бокс”-ро 90 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, воситаи нақлиётро гирифтааст, аммо маблағи муқарраргардидаро ба соҳибони автомашина напардохтааст.
“Ҳамзамон, ин сокини пойтахт 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота-Авесто”-ро ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ фурӯхта, то ҳол ҳуҷҷатҳои автомашинаро ба нафари автомашинро харида надодааст”, – менависад манбаъ.
ВКД аз гумонбар ва ҷабрдидагон ном намебарад.
Айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса вазорат тафтишот мебарад.


