Рустами Эмомалӣ ба қаҳрамони ҷаҳон хона дод

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе ба Эмомалии Нуралӣ, чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим кард. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд. Манбаъ гуфт, Рустами Эмомалӣ имрӯз, 5-уми сентябр, Эмомалии Нуралиро ба ҳузур пазируфта, ӯро барои ба даст овардани медали тилло дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе ба Эмомалии Нуралӣ, чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим кард. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.

Манбаъ гуфт, Рустами Эмомалӣ имрӯз, 5-уми сентябр, Эмомалии Нуралиро ба ҳузур пазируфта, ӯро барои ба даст овардани медали тилло дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон, табрик гуфт ва "чун нишони қадрдонии Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе, ба чемпиони ҷаҳон калиди хонаи 2 ҳуҷрагиро бо тамоми шароити рӯзгор дар пойтахт тақдим намуд".

“Раиси шаҳри Душанбе ба варзишгар дар мусобиқаҳои оянда барору музаффарият таманно намуда, иброз дошт, ки ҷавонони бо нангу номус муаррифгар ва номбардори ватани хеш маҳсуб меёбанд”, – иттилоъ доданд аз шаҳрдории Душанбе.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон, ки дар шаҳри Гуайкили Экводор баргузор гардид, Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни зери 66 кг соҳиби медали тилло шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.