Тоҷикистон аз БИР маблағгузории бештар ба бахши иҷтимоиро дархост кард

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода рӯзи 5 сентябр зимни вохӯрӣ бо роҳбари Фонди “Зиндагӣ ва рӯзгордорӣ”-и Бонки исломии рушд (БИР) Валид Аддас даъват кард, ки маблағгузорӣбарои ҳалли масоили иҷтимоӣ зиёдтар карда шавад. Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод хабар медиҳад, дар вохӯрӣ инчунин директори минтақавии БИР дар минтақаи Осиёи Марказӣ Иброҳим […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода рӯзи 5 сентябр зимни вохӯрӣ бо роҳбари Фонди “Зиндагӣ ва рӯзгордорӣ”-и Бонки исломии рушд (БИР) Валид Аддас даъват кард, ки маблағгузорӣбарои ҳалли масоили иҷтимоӣ зиёдтар карда шавад.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод хабар медиҳад, дар вохӯрӣ инчунин директори минтақавии БИР дар минтақаи Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ низ ҳузур дошт.

“Вазир аз ҷониби ҳайати Бонк даъват ба амал овард, ки бо назардошти таъсири буҳронҳои ҷаҳонии имрӯза маблағгузориро барои дастгирии соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бештар намоянд, ки хуш пазируфта шуд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, Фонди “Зиндагӣ ва рузгордорӣ” соли 2016 таъсис дода шуда, айни замон дар 33 кишвари аъзои Бонк фаъолият мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон лоиҳаи ин фонд – «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар 4 ноҳияи вилояти Хатлони ҶТ» ба маблағи 27 млн. доллар мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Зикр мегардад, ки дар мулоқот масъалаҳои рафти иҷрои лоиҳа, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, санитария ва таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.