Афғонистон бори чаҳорум хатарноктарин кишвари ҷаҳон дониста шуд

Бар асоси гузориши Созмони ҷаҳонии сулҳ, Афғонистон барои чаҳорум бор пайиҳам хатарноктарин кишвари ҷаҳон дониста мешавад. Ин кишвар аз соли 2019 инҷониб дар рейтинги бехатарӣ дар ҷойи охирин қарор дорад. Бар асоси ин раддабандӣ, пас аз Афғонистон кишварҳои Яман, Сурия ва Русия дар се зинаи баъдӣ қарор гирифтаанд. Ҳар сеи ин кишварҳо ба гурӯҳи хатарноктарин […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бар асоси гузориши Созмони ҷаҳонии сулҳ, Афғонистон барои чаҳорум бор пайиҳам хатарноктарин кишвари ҷаҳон дониста мешавад. Ин кишвар аз соли 2019 инҷониб дар рейтинги бехатарӣ дар ҷойи охирин қарор дорад.

Бар асоси ин раддабандӣ, пас аз Афғонистон кишварҳои Яман, Сурия ва Русия дар се зинаи баъдӣ қарор гирифтаанд. Ҳар сеи ин кишварҳо ба гурӯҳи хатарноктарин мамлакатҳои ҷаҳон шомиланд.

Дар ин шохис Тоҷикистон зинаи 92, Қирғизистон 91, Қазоқистон 97 ва Туркманистон 104-умро ишғол кардааст.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбекистон дар мақоми 86-ум қарор гирифта, ба гузориши Созмони ҷаҳонии сулҳ, амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ эътироф шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳамаи ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ нисбат ба ИМА ва Туркия амнтар ҳисобида мешаванд.

Дар ин баробар, се зинаи аввали рейтингро кишварҳои Исландия, Зеландияи Нав ва Ирландия ишғол кардаанд.

Ин шохиси ҷаҳонии сулҳ ҳамасола аз ҷониби ҷомеашиносони гурӯҳи байналмилалии Пажӯҳишгоҳи сулҳ дар якҷоягӣ бо Маркази омӯзиши сулҳ ва низоъ дар Донишгоҳи Сидней таҳия карда мешавад.

Барои тартиб додани шохиси ниҳоӣ коршиносон нишондиҳандаҳои низоъҳои дохилӣ ва берунӣ, шиддатнокии онҳо ва шумораи қурбониён; фисади гурезагон дар байни аҳолӣ; ноустувории сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ; ҳамлаҳои террористӣ; шумораи маҳбусон ва ворид ва содироти силоҳро ба инобат мегиранд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.