Дар Волгоград барои кӯдакони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, синфи махсус кушода шуд

Дар мактаби №33-и Волгоград синфе кушода шуд, ки дар он забони русӣ барои ҳеҷ кадоме аз хонандагони он забони модарӣ ба шумор намеравад, зеро онҳо кӯдакони муҳоҷирон мебошанд, хабар медиҳад портали V1.ru. Бино ба маълумоти нашрия, вақте ки пеш аз 1 сентябр маъмурияти мактаб огоҳ мешавад, ки дар якчанд синфҳо кӯдаконе ҳастанд, ки забони русиро […]

Asia-Plus

Дар мактаби №33-и Волгоград синфе кушода шуд, ки дар он забони русӣ барои ҳеҷ кадоме аз хонандагони он забони модарӣ ба шумор намеравад, зеро онҳо кӯдакони муҳоҷирон мебошанд, хабар медиҳад портали V1.ru.

Бино ба маълумоти нашрия, вақте ки пеш аз 1 сентябр маъмурияти мактаб огоҳ мешавад, ки дар якчанд синфҳо кӯдаконе ҳастанд, ки забони русиро намедонанд, тасмим мегирад, ки синфи махсуси “Ж” боз мекунад.

Гуфта мешавад, дар мактаб ҳамагӣ 14 нафар чунин кӯдакон будаанд ва ҳамаи онҳоро ба як гурӯҳ муттаҳид кардаанд.

“Бархе аз волидонашон ҳам бо забони русӣ ҳарф намезананд. Аз ин рӯ, лозим омад, ки ба онҳо кумак кунем, баъзеашон бо тарҷумон меомаданд”, – иброз доштаааст муовини директори мактаб Елена Елизарова.

Ӯ зикр кардааст, ки ҳамаи волидон ба таҳсили фарзандонашон бо забони русӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд ва инро ҳатто бархӯрди онҳо ба паҳлӯи расмии таълим гувоҳӣ медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки вакили Думаи давлатӣ Виталий Милонов пешниҳод намуд, ки таҳсили кӯдакони муҳоҷирон дар мактабҳои давлатии Русия манъ карда шавад.

Ба хориҷиёне, ки бо оилаҳояшон ба Русия омадаанд, ӯ пешниҳод кард, ки кӯдаконашонро ё ба муассисаҳои таълимии пулакӣ диҳанд ё онҳоро дар хона монанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио