Дар ИМА аввалин ҳолати марги одам аз обилаи маймун сабт шуд

Ҳукуматдорони ИМА аввалин ҳолати фавти сокинон аз обилаи маймунро тасдиқ намуданд, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ. Дар маҷмӯъ дар ИМА наздик ба 22 000 ҳолати сирояти сокинон ба сурхакони ҳамдуна ошкор шудааст. Таъкид мегардад, ки ҳодисаи фавт аз ин вируси тозахурӯҷ дар Амрико хеле кам аст. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз дар оғози тобистон роҳбари кулли […]

Asia-Plus

Ҳукуматдорони ИМА аввалин ҳолати фавти сокинон аз обилаи маймунро тасдиқ намуданд, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.

Дар маҷмӯъ дар ИМА наздик ба 22 000 ҳолати сирояти сокинон ба сурхакони ҳамдуна ошкор шудааст. Таъкид мегардад, ки ҳодисаи фавт аз ин вируси тозахурӯҷ дар Амрико хеле кам аст.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз дар оғози тобистон роҳбари кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус хурӯҷи сурхакони маймунро ҳолати фавқулодда дар самти сиҳатии сокинони сайёра эътироф намуд.

То ҳол бар зидди ин вирус ваксинаи махсусе ихтироъ нашудааст. Аммо эъгузаронӣ бар зидди бемории гул ва ё сурхак инсонро то 85% аз сироят ба обилаи маймун ҳизф мекунад.

Ҳолатҳои маргу мир бар асари гирифторӣ ба ин беморӣ кам буда, тибқи маълумоти СҶТ, сатҳи фавт аз сурхакони маймун тайи солҳои ахир 3-6%-ро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.