Фаронса баъди Тоҷикистон гуфт, ҳукумати Толибонро* эътироф намекунад

Date:

Жан-Ив Ле Дриан, вазири корҳои хориҷии Фаронса Толибонро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам кард ва гуфт, ки кишвараш ҳукумати таъсисдодаи ин гурӯҳро ба расмият намешиносад. Дар ин бора хабаргузории Reuters иттилоъ медиҳад.

Тавре ин хабаргузорӣ менависад, вазорати корҳои хориҷии Фаронса изҳор намудааст, ки Толибон ба ваъдаи худ ҷиҳати таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва иҷозаи хуруҷи озоди хориҷиён ва ҳар нафаре, ки мехоҳад тарки Афғонистон кунад, вафо накарданд. Аз ин лиҳоз, Фаронса бо ҳукумате, ки Толибон таъсис додаанд, намехоҳад робита дошта бошад, гуфтааст Жан-Ив Ле Дриан.

“Онҳо (Толибон) гуфтанд, ки ба баъзе аз хориҷиён ва афғонҳо иҷозаи хуруҷи озод медиҳанд ва дар бораи ҳукумати фарогиру ҳамашумул гуфтанд, аммо онҳо дурӯғ мегӯянд”, – гуфтааст вазири корҳои хориҷии Фаронса.

Фаронса дуюмин кишварест, ки ошкоро аз эътироф накардани ҳукумати таъсисдодаи Толибон хабар медиҳад. Қаблан Тоҷикистон эълон карда буд, ки ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносад. Душанбеи расмӣ таъсиси ҳукумати фаромиллиро бо қоил шудани ҷойгоҳи сазовор ба қавмҳои ғайрипаштун, аз ҷумла тоҷикон, ки 46 дарсади ҷамъияти Афғонистонро ташкил медиҳанд, шарти асосии эътирофи ҳукумати ин гурӯҳ гуфта буд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Фаронса аз Толибон инчунин, эҳтироми ҳуқуқи башар, минҷумла ҳуқуқи занонро талаб доранд.

Ёдовар мешавем, ки Толибон бо гузашти беш аз як сол аз ғасби қудрат дар Афғонистон то ҳол ба ваъдаи додаи худ дар мавриди ташкили ҳукумати қонунманд, таъмини амният ва маҳви маводи мухаддир амал накарданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...