Эрон узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай шуд

Эрон узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) шуд. Дар Самарқанд Ёддошти тафоҳум дар бораи ба Эрон додани мақоми узи комилҳуқуқи СҲШ имзо шуд, навиштааст дар Twitter-и худ вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён. Дар ин бора хабаргузории Анадолу иттилоъ медиҳад. Ӯ зикр кардааст, ки санад дар бораи ба узвияти комилҳуқуқи Созмон паазируфта шудани Эронро […]

Asia-Plus

Эрон узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) шуд. Дар Самарқанд Ёддошти тафоҳум дар бораи ба Эрон додани мақоми узи комилҳуқуқи СҲШ имзо шуд, навиштааст дар Twitter-и худ вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён. Дар ин бора хабаргузории Анадолу иттилоъ медиҳад.

Ӯ зикр кардааст, ки санад дар бораи ба узвияти комилҳуқуқи Созмон паазируфта шудани Эронро бо дабири кулли Созмон Чжан Мин дар Самарқанд ба имзо расонидааст.

“Аз ин ба баъд мо ба марҳилаи нави ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, транзитӣ ва энергетикӣ ворид мешавем”, – таъкид доштааст Абдуллоҳиён.

Созмони ҳамкории Шанхай соли 1996 аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таъсис дода шуд. Туркия шарики муколамаи Созмон мебошад.

То узви СҲШ шудани Ӯзбекистон дар соли 2021 созмон “Панҷгонаи Шанхай” номида мешуд.

Баъдан Ҳиндустон ва Покистон низ ба узвияти комилҳуқуқи Созмон пазируфта шуданд.

Соли 2005 Эрон ба мақоми кишвари нозири СҲШ соҳиб шуд.

Ҷараёни ба узвият пазируфта шудани Эрон ба Созмон соли 2021 дар нишасти СҲШ дар Душанбе оғоз гардид.

Дабири кулли СҲШ Чжан Мин 15 сентябри соли 2022-ро рӯзи муҳим ҳам барои Эрон ва ҳам Созмон номида, зикр кард, ки ворид шудани Эрон ба ҳайати кишварҳои узв, Созмони ҳамкории Шанхайро мустаҳкамтар мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.