Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов. Нерӯҳо аз маҳалли муноқиша берун кашида мешаванд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пас аз нисфирӯзии имрӯз, 16-уми сентябр, дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон, мулоқот карда, вазъ дар сарҳади ду давлатро баррасӣ карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон хабар медиҳад. Тавре хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон хабар медиҳад, “роҳбарони ду давлат мувофиқа кардаанд, […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пас аз нисфирӯзии имрӯз, 16-уми сентябр, дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон, мулоқот карда, вазъ дар сарҳади ду давлатро баррасӣ карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон хабар медиҳад.

Тавре хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон хабар медиҳад, “роҳбарони ду давлат мувофиқа кардаанд, ки ба мақомоти дахлдор оид ба қатъи оташ ва баровардани нерӯ аз хати муноқиша, дастур хоҳанд дод”.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, дар макони ҳодиса фаъолият бурда, комиссияи махсус, барои таҳқиқи ҳолат ва сабабҳои муноқиша, ташкил карда мешавад.

Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки ҷонибҳо ҷиҳати тезонидани кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ низ ба мувофиқа расиданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки чанд соат пештар аз ин мулоқот, роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев низ мулоқот ва барои эълони оташбас мувофиқа карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, якбора дар чанд минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии нав рух дод, ки дар натиҷа як марзбони тоҷик кушта ва чанде захмӣ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст