Туркия хостори музокирот барои ҳалли низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон шуд

Вазорати умури хориҷии Туркия аз муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард, хабар медиҳад хабаргузории Анадолу. «Умедворем, ки ин танишҳо миёни ду кишвари дӯсту бародар фавран, бидуни ташдиди таниш мутаваққиф шуда, мушкилот бо роҳи мусолиматомез ҳал шавад», – омадааст дар изҳороти вазорат. Рӯзи 14-уми сентябр дар марзи  Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ миёни марзбонони ду кишвар […]

Asia-Plus

Вазорати умури хориҷии Туркия аз муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард, хабар медиҳад хабаргузории Анадолу.

«Умедворем, ки ин танишҳо миёни ду кишвари дӯсту бародар фавран, бидуни ташдиди таниш мутаваққиф шуда, мушкилот бо роҳи мусолиматомез ҳал шавад», – омадааст дар изҳороти вазорат.

Рӯзи 14-уми сентябр дар марзи  Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ миёни марзбонони ду кишвар оғоз шуд. Пас аз музокироти намояндагони нерӯҳои марзбонии ду кишвар, даргирӣ қатъ гардид, аммо 16-уми сентябр тирпарронӣ дубора идома кард.

16-уми сентябр Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи оташбас, аз соати 15:00 ба вақти Душанбе,  ба мувофиқа расиданд.

Бо вуҷуди тавофуқоти оташбас, Қирғизистон тирандозиро аз ҳама навъҳои аслиҳаи вазнин ба манотиқи аҳолинишини Тоҷикистон дубора шурӯъ кард, хабар дод маркази матбуотии нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ шоми ҷумъа.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст