“Cарбозони қирғиз ба дидбонгоҳи Лахш оташ кушоданд”. Изҳороти дуввуми КДАМ-и Тоҷикистон дар имрӯз

Қирғизиcтон бар хилофи созишномаи оташбас, ба эътидол овардани вазъ ва ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардонидани қувваю воситаҳои иловагии ҷангӣ, ки бори дигар субҳи имрӯз, 17-уми сентябр, миёни фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон мувофиқа шуд, соати 11:10 аз қисми ҳарбии 707-и ВКД Қирғизистон, ки дар бинои собиқ мактаби ба номи Ш. Ғании деҳаи Коктоши […]

Asia-Plus

Қирғизиcтон бар хилофи созишномаи оташбас, ба эътидол овардани вазъ ва ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардонидани қувваю воситаҳои иловагии ҷангӣ, ки бори дигар субҳи имрӯз, 17-уми сентябр, миёни фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон мувофиқа шуд, соати 11:10 аз қисми ҳарбии 707-и ВКД Қирғизистон, ки дар бинои собиқ мактаби ба номи Ш. Ғании деҳаи Коктоши ноҳияи Боткен қарор дорад, ба дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и Отряди сарҳадии «Исфара» ва маҳаллаи «Сомониён»-и шаҳри Исфараи Тоҷикистон бо тамоми намуди силоҳҳо тир кушоданд.

Дар ин бора Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон хабар додааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки соати 07:30-и, 17-уми сентябри соли 2022, вобаста ба иҷро намудани шартҳои оташбаси эълоншуда вохӯрии фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ду ҷониб масъалаҳои ба эътидол овардани вазъият, ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардонидани қувваю воситаҳои иловагиро баррасӣ намуданд.

– Вале новобаста аз мувофиқаи бадастомада, соати 11:10-и имрӯз командири қисми ҳарбии 707-и ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар бинои собиқ мактаби ба номи Ш. Ғании деҳаи Коктоши ноҳияи Боткен қароргоҳ дорад, бар хилофи талаботи созиши оташбас, худсарона, барои зери тирборон қарор додани  дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и Отряди сарҳадии «Исфара» ва маҳаллаи «Сомониён»-и шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми намуди силоҳҳо амр додааст,- омадааст дар иттилоияи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон.

Ба таъкиди ин ниҳод ҳолати мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фармондеҳони алоҳида ба ситоди марказии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон итоат намекунанд.

Ба иттилои ин ниҳод, ҳамчунин, соати 11:50-и имрӯз, сарбозони қирғиз бо истифода аз ҳама намуди аслиҳаи вазнини ҷангӣ ҷониби дидбонгоҳи сарҳадии «Сарҳадчӣ»-и Отряди сарҳадии «Лахш»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон оташ кушоданд.

Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон аст, ки давоми рӯз нашр мешавад. Қабл аз ин ҳам, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон бо нашри изҳорот аз аҳдшикании нерӯҳои ҳарбии Қирғизистон иттилоъ дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст