Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин сӯҳбат кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ доир намуд. Дар ин бора сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Зикр карда мешавад, ки “дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат дар идомаи муколамаи мунтазами худ ҷанбаҳои алоҳидаи мубрами муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегиро мавриди муҳокима қарор доданд”. “Вобаста ба вазъ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ доир намуд. Дар ин бора сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зикр карда мешавад, ки “дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат дар идомаи муколамаи мунтазами худ ҷанбаҳои алоҳидаи мубрами муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегиро мавриди муҳокима қарор доданд”.

“Вобаста ба вазъ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон баамаломада масъалаҳои рушди вазъият дар Осиёи Марказӣ низ дар маркази диққати ҷонибҳо қарор дошт”, – гуфта мешавад дар хабари сомонаи президент.

Ҳамчунин, дигар ҷанбаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон, баррасӣ гардиданд.

Дар ҳамин ҳол, сомонаи расмии Президенти Русия хабар медиҳад, ки худи ҳамон рӯз Владимир Путин бо Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов низ суҳбати телефони намудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни суҳбат Содир Ҷабборов ба Владимир Путин оид ба низоъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ва вазъи марз ҳисобот додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.