Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Комрон Турсунови 25-сола ба задани голи 5-ум дар мусобиқаи Hero I-League (лига ё дивизиони якум)-и Ҳиндустон ноил гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, дар вохӯрии даври даҳуми ин мусобиқа тими Комрон – “ТРАУ” дар меҳмонӣ дастаи “Индиан Эрроус”-ро бо ҳисоби калони 5 бар 1 шикаст дод.
Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ футболбози тоҷик 1 тӯб ба дарвозаи ҳарифон ворид намуда, ду тӯби партофтааш бо задани гол анҷомид.
Дар натиҷа Парвиз Турсунов бори дуюм дар мавсим футболбози беҳтарини вохӯрӣ эътироф гардид. Ба ӯ ба маблағи 25 ҳазор рупияи ҳиндӣ (345 доллари ИМА) чек (расид) тақдим шуд.
Аз оғози мавсими Hero I-League-и Ҳиндустон Комрон Турсунов дар ҳайати дастаи “ТРАУ” 9 бозӣ гузаронида, 5 гол ба дарвозаи ҳарифон ворид кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.