Роҳбари нави “Тоҷик Эйр”, ки дар ҳоли фано қарор дорад, кист?

Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр роҳбари ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода, ки аз моҳи январи соли 2019 ба он сарварӣ мекард, “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз мансаб барканор гардид ва ба ҷойи ӯ Парвиз Шодмонзода таъин шуд. Маълумот дар бораи роҳбари нави ширкати миллии ҳавопаймоии ҷумҳурӣ хеле кам аст. То […]

Cайфиддин Қараев, Asia-Plus

Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр роҳбари ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода, ки аз моҳи январи соли 2019 ба он сарварӣ мекард, “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз мансаб барканор гардид ва ба ҷойи ӯ Парвиз Шодмонзода таъин шуд.

Маълумот дар бораи роҳбари нави ширкати миллии ҳавопаймоии ҷумҳурӣ хеле кам аст.

То таъин шудан ба ин мансаб ӯ ба ҳайси муовини директори Фурудгоҳи байнулмилалии “Бохтар” ифои вазифа мекард.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи манбаъҳои наздик ба роҳбари нав, Парвиз Шодмонзода қаблан дар ширкати “Тоҷик Эйр” кор карда, “вазъиятро аз дохил хеле хуб медонад” ва илова бар ин, “яке аз мутахассисони беҳтарини Тоҷикистон дар соҳаи авиатсия мебошад”.

Парвиз Шодмонзода мутахассиси нисбатан ҷавон буда, синнаш ҳоло ба 40-солагӣ нарасидааст.

Шояд маҳз ба ӯ рисолати аз вазъияти душвори имрӯза раҳо кардани ширкат вогузор мешавад.

Ширкат ба қарз ғӯтавар аст

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” чандин сол инҷониб дар вазъияти душвор қарор дорад.

Бо мақсади беҳбуди вазъи молиявии ширкат ҳукумати Тоҷикистон тобистони соли 2018 Шӯрои махсуси нозирон таъсис дод.

Аз ҷониби ин Шӯро барномаи махсуси дастгирии ширкати ҳавопаймоӣ таҳия шуд, ки дар он, аз ҷумла мақомоти давлатии дахлдор уҳдадор карда шуданд, ки ба воситаи хусусигардонии бастаи саҳмияҳои ширкат сармоягузориҳои ватанӣ ва хориҷиро ҷалб намоянд.

Аз соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон қарзҳои “Тоҷик Эйр”-ро ба маблағи зиёда аз 2,6 млн доллар аз эътибор соқит кард. Аммо ин тадбирҳо ба беҳбуди вазъи молиявии ширкат мусоидат карда натавонистанд.

Тибқи маълумоти баъзе манбаъҳо, қарзи “Тоҷик Эйр” ба бонкҳои гуногун, фурудгоҳ ва ширкатҳои хидматрасон то 40 млн долларро ташкил медиҳад.

Аз ин миқдор 20 млн долларро “Тоҷик Эйр” бояд ба ширкати Skyroad Leasing-и Литва пардохт кунад.

Қаблан хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳабси суратҳисобҳои бонкии “Тоҷик Эйр” бо сабаби “корҳои марбут ба Skyroad Leasing” хабар дода буд.

Сабаби баҳс байни “Тоҷик Эйр” ва Skyroad Leasing пардохти ҳармоҳа ба маблағи 149 ҳазор доллар барои иҷораи ду ҳавопаймои Boeing ва ҷаримаҳо ба маблағи умумии 20 млн доллар унвон мешавад.

Аввали сол Суди олии иқтисодии Тоҷикистон эътироф кард, ки ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар ҳоли муфлисшавӣ қарор дошта, пул надорад, ки қарзҳояшро баргардонад.

Аз таърихи “Тоҷик Эйр”

Аз соли 2010 то соли 2016 ширкатро Рустам Холиқов ва то соли 2019 – Хайрулло Раҳимов роҳбарӣ мекарданд, ки фаъолияти ҳар ду ҳам замоне аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд.

Таърихи фаъолияти ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” аз соли 1930 оғоз мегардад.

Соли 1940 Раёсати флоти граждании ҳавоии Тоҷикистон таъсис дода шуда, он минбаъд боз ба Раёсати авиатсияи граждании Тоҷикистон, Ширкати давлатии ҳавопаймоии “Тоҷикистон”, Корхонаи воҳиди давлатии авиатсионии “Тоҷикистон” ва Корхонаи воҳиди давлатии авиатсионии “Тоҷик Эйр” табдили ном кард.

Аз 30 декабри соли 2009 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти №707 ширкати ҳавопаймоӣ ба ҶСК “Тоҷик Эйр” табдил дода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.