Ҷабҳаи муқовимати миллӣ як вулусволии Бадахшонро аз Толибон озод кард

Date:

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд дар робита ба даргириҳои ахир миёни нерӯҳои Ҷабҳа ва Толибон дар Бадахшон навиштааст, ки шаҳристони Шакии ин вилоят аз дасти Толибон озод карда шуда, таҳти идораи Ҷабҳаи муқовимат қарор гирифт.

Ӯ афзудааст, ки вулусволи Толибон барои ин вулусволӣ бо 10 толиби дигар, ба асорати нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат даромаданд.

Рузномаи "8 субҳ" низ бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки имрӯз, 3 – юми октябр, Муҳаммадикром, роҳбари таъинкардаи Толибон барои Шакӣ ба дасти нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат асир афтодааст.

Дар як моҳи ахир нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар вулусволиҳои Карону Минҷон, Роғистон ва Куҳистони вилояти Бадахшон афзоиш ёфта, ба Толибон дар ин вулусволиҳо талафот ворид шудааст.

Гуруҳи Толибон то кунун дар ин бора ҳеҷ назаре накардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...