Абдуфаттоҳ Шарифзода: “Эмомалӣ Раҳмон зодрӯзашонро дар иҳотаи фарзандону пайвандон ҷашн мегиранд”

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон,  ки имрӯз, 5-уми октябр, 70-сола мешавад, зодрӯзашро дар иҳотаи фарзандону пайвандонаш ҷашн мегирад. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ӯ гуфт, 5-уми октбяр барои Эмомалӣ Раҳмон рӯзи муқаррарии корӣ аст ва ба муносибати зодрӯзи президент дар кишвар баргузории чорабиние дар назар нест. “Зодрӯзашонро Ҷаноби Олӣ пас […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон,  ки имрӯз, 5-уми октябр, 70-сола мешавад, зодрӯзашро дар иҳотаи фарзандону пайвандонаш ҷашн мегирад. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, 5-уми октбяр барои Эмомалӣ Раҳмон рӯзи муқаррарии корӣ аст ва ба муносибати зодрӯзи президент дар кишвар баргузории чорабиние дар назар нест.

“Зодрӯзашонро Ҷаноби Олӣ пас аз соати корӣ, дар оила, дар иҳотаи фарзандону пайвандонашон ҷашн мегиранд”, – гуфт Абдуфаттоҳ Шарифзода.

Таҷлили зодрӯз дар ҳалқаи оила аз сӯи президент дар ҳолест, ки шурӯъ аз субҳи имрӯз, чанде аз роҳбарони кишварҳои ҷаҳон, ба мисли Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ, президенти якуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президенти кунунии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва дигарон бо ирсоли номаи табрикотӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 70-солагиаш табрик карданд.

Ҳамчунин, корбарони шабакаҳои иҷтимоии тоҷикзабон низ бо нашри аксу наворҳои Эмомалӣ Раҳмон президентро бо ҷашни зодрӯз муборакбод менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон 19-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд ва дар интихоботи рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ президенти Тоҷикистон интихоб гардид.

Ҳамин тариқ, 6-уми ноябри соли 1999 дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол президенти Тоҷикистон интихоб гардида, 6-уми ноябри соли 2006 бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол роҳбари Тоҷикистон шуд. Эмомалӣ Раҳмон 6-уми ноябри соли 2013 бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон пирӯз гардид.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2016 дорои унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мебошад ва аз ҳаққи бемаҳдуди пешниҳоди номзадияш дар интихобот бархӯрдор аст. Бори охир соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ ғалаба кард ва барои ҳафт соли дигар роҳбари давлат шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.