Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон кӯчонидани иҷбории тоҷикҳо ва ӯзбекҳои вилояти Тахор аз ҷониби Толибонро* “барномаи гурӯҳи фашистӣ” номид. Дар ин бора расонаи “Аamajnews” хабар медиҳад.
Ҷаноби Аҳмадӣ дар саҳифаи твиттери худ навишт, ки “ин охири зулм бар бумиёни қатағанзамин аст” ва он “барномаи тарҳрезишуда ва бартариталабии Толибон” мебошад.
Ин суханону тунд ва эътирози шадиди Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ ба кӯчонидани иҷбории тоҷикону ӯзбекон аз деҳаи Муҳоҷири вилояти Тахон ба дигар манотиқ аст. Дар ин вилоят Толибон ҳудуди 100 хонаводаи тоҷику ӯзбекро ба таври маҷбурӣ ба дигар минтақаҳо кӯчониданд.

Хабаргузории “Аamajnews” менависад, ки ҳамаи онҳое, ки ба ҷойи тоҷикону ӯзбекон муқимӣ карда шудаанд, афроди мусаллаҳ мебошанд.
Ҳамчунин ин хабаргузори бо истинод ба як манбаъи дигар дар вулусволии Хоҷа Баҳоуддини Тахор мегӯяд, ки Толибон ба 800 хонавода дар маркази ин вулусволӣ мӯҳлат таъйин кардаанд то хонаҳояшонро тахлия ва аз ин вулусволӣ кӯч банданд.
Ба гуфтаи манбаъ ин хонаводаҳо низ тоҷиктабор ва ӯзбектабор ҳастанд.
Масъулони гуруҳи Толибон дар Тахор то кунун дар ин замина чизе нагуфтаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар хусуси муҳоҷирати дохилии иҷборӣ дар Афғонистон қаблан низ иттилоъ дода мешуд. Сиёсатмадорони мухолифи Толибон ҳанӯз қабл аз суқути низоми ҷумҳурият дар Кобул низ бонги хатар мезаданд, ки дар шимоли Афғонистон ба таври сунъӣ афроди шубҳаангез, аз ҷумла пуштунҳои ҷануб ва покистонӣ ҷобаҷо карда мешаванд.





