Хадамоти бехатарии федеролии Русия тарроҳ ва иҷрокунандаи инфиҷор дар пули Қримро эълон кард

Хадамоти бехатарии федеролии Русия Кирилл Буданов, сардори Сарраёсати иктишофи низомии Украинаро тарроҳ ва ташкилкунандаи ҳамлаи террористӣ дар пули Қрим номид. Дар ин бора РБК хабар медиҳад. “Хадамоти мазкур таъкид намудааст, ки василаи тарканда аввали моҳи август аз бандари Одесса ба шаҳри Русеи Булғористон, аз он ҷо ба бандари Потии Гурҷистон, баъд ба Арманистон фиристода шудааст, […]

Asia-Plus

Хадамоти бехатарии федеролии Русия Кирилл Буданов, сардори Сарраёсати иктишофи низомии Украинаро тарроҳ ва ташкилкунандаи ҳамлаи террористӣ дар пули Қрим номид. Дар ин бора РБК хабар медиҳад.

“Хадамоти мазкур таъкид намудааст, ки василаи тарканда аввали моҳи август аз бандари Одесса ба шаҳри Русеи Булғористон, аз он ҷо ба бандари Потии Гурҷистон, баъд ба Арманистон фиристода шудааст, ки дар онҷо расмиёти гумрукиро тибқи талаботи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гузаштааст. Баъдан онро тавассути нуқтаи “Верхний Ларс” ба сарҳади Русияву Гурҷистон дар Армавир ва аз он ҷо ба Симферопол интиқол додаанд”, – менависад РБК.

Ҳамчунин дар доираи ин парвандаи ҷиноятӣ 5 шаҳрванди Русия ва се шаҳрванди Укроин ва Арманистон аллакай боздошт шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 8-уми октябр дар пули Қрим мошини боркаш тарконида шуд. Дар натиҷаи таркиш чор нафар ба ҳалокат расида, пул низ зарари ҷиддӣ дид ва барои муддате ҳарақати қатора ва мошинҳои сабукрав қатъ гардид. Кумитаи тафтишотӣ пас аз таҳқиқ амали террористӣ будани ин таркишро собит намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.