Туҳфаи Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путинро ба хонаи кӯдакон тақдим намуданд

Date:

Меваҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба ҳамтои русаш Владимир Путин ба муносибати 70-солагии ӯ бурда буд, ба ятимхонаҳои шаҳри Санкт-Петербург тақсим карда шудааст. Барои расондани онхо шаш мошини боркаш киро кардаанд. Дар ин бора маъмурияти президенти Русия дар саҳифаи худ дар шабакаи ВКонтакте хабар додааст.

7 октябри соли 2022 дар Қасри Константиновский мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ баргузор шуд. Ин рӯз ба солгарди Путин рост омад ва Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ тӯҳфаи ғайриоддӣ – меваҳои тоҷикӣ тақдим кард.

"Шаш мошини боркаш бо нозу неъматҳои тоҷикӣ ба ятимхонаҳои Санкт-Петербург эҳдо шуд. Ин барои кӯдакон туҳфаи гуворо ва муфид буд", — омадааст дар хабар.

Раёсат ҳамчунин навори видеоии тарбиятгирандагони яке аз ятимхонаҳои Санкт-Петербургро нашр кардааст, ки барои тӯҳфаи болаззат ва муфид изҳори миннатдорӣ мекунанд.

МЕДИА (IFRAME)

Елена Крилова, котиби матбуотии Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия афзудааст, ки "бо супориши сарвари давлат меваҷот ба ятимхонаҳои Санкт-Петербург интиқол дода шуда, онҳоро шаш маркази таблиғи тарбияти оилавӣ қабул кардаанд".

Ёдовар мешавем, ки тӯҳфаи Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни Қасри Константиновский дар шакли ду аҳроми тарбузу харбузаҳои тоҷикӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, меваҳои боқимонда дар атрофи ин пирамидаҳо дар шакли қолин ва пайроҳаҳо ороста шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...