Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таҷизоти ошкор кардани маводи ядроӣ ва радиоактивӣ гирифт

Рӯзи 14 октябр маросими расмии ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон супурдани таҳизоти окшор кардани маводи ядроӣ (ҳастаӣ) ва радиоактивӣ баргузор шуд. Таҷҳизот дар доираи татбиқи Нақшаи миллии амали Тоҷикистон тибқи Қатъномаи 1540-и Шӯрои амнияти СММ тақдим шуд. Дар ин маросим директори Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Илҳом Мирсаидзода ба сифати ҳамоҳангсози миллӣ ва сардори […]

Иттилоияи расмӣ

Рӯзи 14 октябр маросими расмии ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон супурдани таҳизоти окшор кардани маводи ядроӣ (ҳастаӣ) ва радиоактивӣ баргузор шуд. Таҷҳизот дар доираи татбиқи Нақшаи миллии амали Тоҷикистон тибқи Қатъномаи 1540-и Шӯрои амнияти СММ тақдим шуд.

Дар ин маросим директори Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Илҳом Мирсаидзода ба сифати ҳамоҳангсози миллӣ ва сардори шуъба – сардори неруҳои ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Ситоди кулли Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Анвар Аҳмадҷонзода иштирок доштанд.

Дар маркази таълимии минтақавӣ оид ба пешгирии терроризм аз 10 то 14 октябр барои кормандони Вазорати мудофиа дар мавзӯи тарзи истифодаи таҷҳизоти мазкур семинар доир гардид.

Дар мавриди омодагии ҳайати шахсии неруҳои ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Ситоди кулли Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба баргузор намудани машқҳои доимӣ ҷиҳати тарзи дурусти истифодаи таҷҳизот дар таълимгоҳи зикршуда тавофуқ ҳосил шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.