Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро табрик кард. Ӯ бори сеюм котиби генералии Ҳизби коммунисти Чин интихоб шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 октябр ба унвони раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки ба муҳлати сеюм котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин интихоб шуд, барқияи табрикӣ ирсол намуд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад, ки дубора интихоб гардидани ӯ ба ин маснади сермасъули […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 октябр ба унвони раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки ба муҳлати сеюм котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин интихоб шуд, барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад, ки дубора интихоб гардидани ӯ ба ин маснади сермасъули ҳизбӣ обрӯву эътибори баланд ва аз ҷониби ҷомеаи Чин қатъиян дастгирӣ ёфтани шоҳроҳе, ки таҳти роҳбарии хирадмандонааш ба рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар минбаъда, инчунин ба таҳкими пайвастаи мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, таъкид менамояд.

“Итминон дорам, ки қарорҳои ҳамоиши ҷашнии Ҳизби коммунистии Чин роҳнамои нави ҷомеа ба сӯйи пешрафти бомароми кишвари Шумо хоҳанд гардид”, – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон мекунад, ки “бо талошҳои муштарак дар оянда низ ба тавсеаву таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин мусоидат намуда, онҳоро бар манфиатҳои мардумонамон бо иқдомҳои нави ҳамкории созанда ғанӣ хоҳем гардонид”.

“Ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Котиби генералӣ, сидқан саломатӣ, саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъули ҳизбиву давлатиатон дастовардҳои навин, ба Чини дӯст ва мардуми он сулҳу пешрафт ва шукуфоӣ орзу менамоям»”, – зикр мешавад дар фарҷоми барқияи табрикӣ.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 22 октябр дар Анҷумани ХХ Ҳизби коммунисти Чин раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин маротибаи сеюм пайдарпай котиби генералии ҳизб интихоб шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.