Тасарруфи 2,5 млн сомонӣ дар се боғчаи Роғун

Дар се боғчаи шаҳри Роғун аз ҳисоби ҳақмузди кормандон зиёда аз 2,5 млн сомонӣ тасарруф карда шудааст. Дар ин бора Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар муассисаҳои бачагонаи №1, №20 ва №21 шаҳри Роғун муайян гардидааст, ки аз ҳисоби фонди музди меҳнатӣ кормандон зиёда аз 2,5 млн сомонӣ тассаруф шудааст. Гуфта мешавад, […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар се боғчаи шаҳри Роғун аз ҳисоби ҳақмузди кормандон зиёда аз 2,5 млн сомонӣ тасарруф карда шудааст. Дар ин бора Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар муассисаҳои бачагонаи №1, №20 ва №21 шаҳри Роғун муайян гардидааст, ки аз ҳисоби фонди музди меҳнатӣ кормандон зиёда аз 2,5 млн сомонӣ тассаруф шудааст.

Гуфта мешавад, ин ҳолати тасарруфи маблағ дар асоси нақшаи тафтишу санҷишҳои молиявии Оҷонсии зиддифасод барои солҳои 2021-2022 дар филиали “Амонатбонк” дар шаҳри Роғун ошкор гардидааст.

Оҷонсии зиддифасод менависад, вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои санҷиши молиявӣ барои қабули қарори қонунӣ ба сохторҳои дахлдори ин ниҳод пешниҳод гардидаааст.

Манбаъ мегӯяд, ҳолати мазкур ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.