Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба чанд шаҳру навоҳии кишвар 37 мошини мусофиркашу боркаш ва техникаҳои коммуналӣ кӯмак кардааст. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.
Манбаъ мегӯяд, ин иқдом бо дарназардошти расидани фасли сармо рӯйи даст гирифта шуда, дар ин бора қарорҳои дахлдори раиси шаҳри Душанбе ҳам ба имзо расидааст.
Кӯмаки Рустами Эмомалӣ ба шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Роғун, Нуробод, Рашт, Варзоб, Файзобод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ расонида шуд.
“Он аз 37 адад воситаи нақлиёти мусофирбар, боркашонӣ ва техникаҳои коммуналӣ иборат буда, ҳамчун кумаки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ин шаҳру навоҳӣ расонида шуд”, – омадааст дар иттилоияи шаҳрдории Душанбе.


