Мурофиаи навбатии Завқибек Саидаминӣ бо иштироки сиёсатшинос ва бидуни наздиконаш дар СИЗО

Имрӯз, 26-уми октябр, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) мурофиаи навбатии Завқибек Саидаминӣ, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик бидуни ширкати наздиконаш ва пушти дарҳои баста баргузор шуд. Дар ин бора яке аз наздиконаш ба “Азия-Плюс” хабар дод. Завқибек Саидаминӣ моҳи июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ […]

Имрӯз, 26-уми октябр, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) мурофиаи навбатии Завқибек Саидаминӣ, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик бидуни ширкати наздиконаш ва пушти дарҳои баста баргузор шуд. Дар ин бора яке аз наздиконаш ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Завқибек Саидаминӣ моҳи июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуда буд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистонро рад кардаанд.

Манбаъи мо гуфт, мурофиа мебоист соати 9:00 оғоз шавад, вале бо каме таъхир, тақрибан соати 10:00 оғоз шуд.

Вай афзуд, пеш аз оғози мурофиа вакили дифои Завақибек Саидаминӣ чанде аз шиносномаҳои наздиконаш, аз ҷумла модарашро гирифт ва гуфт, ба мурофиа иҷозат медиҳад, вале баъдан маълум шуд, ки иҷозат набудааст.

“Мурофиа ба ҳафтаи дигар гузошта шуд. Гуфтанд, ба назди судя равем, то барои вохӯрӣ иҷозат диҳад. Умедворем ақалан ба модарам иҷозат медиҳанд, то писарашро, ки чор моҳ аст надидааст, бубинад”, – гуфт манбаъи мо.

Наздикони Завқибек Саидаминӣ гуфтанд, дар мурофиа танҳо вакили дифоъ ва як сиёсатшиноси тоҷик ширкат кард. Маълум нест, ки дар мурофиа ин сиёсатшинос чӣ гуфт ва дар он кадом масъалаҳо баррасӣ шуд. Вале ба эҳтимоли зиёд навиштаҳои Завқибек Саидаминӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд аст, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Пас аз анҷоми мурофиа вакили дифоъ ба наздикони Завқибек Саидаминӣ гуфтааст, саволу ҷавоб шуд ва баъзе суолҳоро аз зерҳимояаш пурсиданд.

Худи вакили дифоъ бо рӯзноманигорон сӯҳбат накард.

Ҳоло ба ғайр аз Завқибек Саидаминӣ, парвандаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори дигари боздоштшудаи тоҷик низ дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

Парванда Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷониби Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ шуда, аллакай ду мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) баргузор гардид.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи июли имсол дастгир ва ба ифротгароӣ гумонбар аст. Ӯ бо ирсоли як нома ба наздиконаш, ки дастраси Радиои Озодӣ шудааст, гуфта, ки зери фишори муфаттишон ба гуноҳ иқрор карда, аммо дар асл худро бегуноҳ мешуморад.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори собиқи радиои "Садои Душанбе", моҳи ноябри соли 2020 ва баъди навораш дар рӯзи президенти Тоҷикистон машҳур шуд. Он замон гуфта буд, ки аз ночорӣ таксӣ меронад, аммо аз ҷаримаҳои ҳангуфт ба дод омадааст.

Ёдовар мешавем, ки ба ғайр аз Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ду рӯзноманигори дигари тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳам боздошт ва бо гузашти тақрибан се моҳ яке ба 10 сол ва дигаре ба 7,5 сол равонаи зиндон шуданд.

Мурофиаи онҳо низ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) пушти дарҳои баста баргузор шуд ва наздикону пайвандон ва журналистон ба он роҳ наёфтанд.

Далери Имомалӣ худро қисман гунаҳкор ва Абдуллоҳ худро пурра бегуноҳ медонанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.