“Рӯзноманигорӣ ҷиноят нест”. Созмонҳои байналмилалӣ озодии Далер ва дигар рӯзноманигоронро хостанд

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон (Committee to Protect Journalists), созмони воқеъ дар Ню-Йорк ва Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот аз ҳукми додгоҳ нисбати Далери Имомалӣ, журналисту блогнави тоҷик интиқод карда, онро маҳкум намудаанд ва аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки рӯзноманигорро раҳо кунанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад. Намояндаи Кумитаи […]

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон (Committee to Protect Journalists), созмони воқеъ дар Ню-Йорк ва Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот аз ҳукми додгоҳ нисбати Далери Имомалӣ, журналисту блогнави тоҷик интиқод карда, онро маҳкум намудаанд ва аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки рӯзноманигорро раҳо кунанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад.

Намояндаи Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон Гулноза Саид рӯзи 18-уми октябр дар изҳороте гуфт, мақомот бояд Далери Имомалӣ ва рӯзноманигорони дигарро раҳо карда, додгоҳҳоро ба саркӯби расонаҳои мустақил истифода набаранд.

“Аз аввал рӯшан буд, ки парвандаи Далери Имомалӣ аломати он аст, ки ҳукумати Тоҷикистон журналистикаи интиқодии тарафдор дар ҷомеаро таҳаммул нахоҳад кард… Ҳукми сангин баёнгари ҳамин аст,” – гуфтааст Гулноза Саид.

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон афзуда, ки намедонад Далери Имомалӣ дар мурофиа чӣ дархост карда ва оё бозбинии ҳукмашро хоҳад хост ё не.

Ҳамчунин, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот Тереза Рибейро низ хост, мақомоти Тоҷикистон рӯзноманигору блогери шинохта Далери Имомалиро фавран озод кунанд.

Ӯ рӯзи 18-уми октябр дар баёнияе дар Телеграм гуфт, аз ин ҳукм ваҳшатзада шуд ва онро "зарбаи дигар ба озодии матбуот дар Тоҷикистон" номид. "Рӯзноманигорӣ ҷиноят нест," – навишт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе Далери Имомалиро дар мурофиае пӯшида дар Боздоштгоҳ рӯзи 17-уми октябр ба 10 сол зиндон маҳкум кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки Далери Имомалӣ 15-уми июни соли ҷорӣ дар роҳ ба ба сӯи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол шуд.

Нисбати ӯ бо моддаҳои 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ), 346, қисми 1, банди “А” (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ) ва  307 қисми 2 банди 3 (Иштирок дар идтиҳоди экстремистӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуд.

Дар пайи боздошти Далери Имомалӣ, ҳамкасб ва ҳамкори ӯ Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳам боздошт ва бар зиддиаш бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз гардид. Ӯа рӯзи 4-уми октябр бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур 7,5 сол равонаи зиндон шуд. Ғурбатӣ ба ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гумонбар мешавад, вале худаш дар суд ҳамкоришаро бо ин ҳизбу ҳаркатҳо қотеъона рад кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ба ғайр аз Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ баррасии парвандаи ду рӯзноманигори дигари тоҷик дар суд идома дорад: Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ.

Завқибек Саидаминӣ як рӯз пеш аз иди Қурбон, 8 –уми июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуда буд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкориашро бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон рад кардаанд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи июли имсол дастгир ва ба ифротгароӣ гумонбар аст. Наздиконаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ӯ зери фишори муфаттишон ба гуноҳ иқрор карда, аммо дар асл худро бегуноҳ мешуморад. Вале вакили дифоаш дар мурофиаи нахустин гуфт, Абдусаттор шиканҷа шуданашро рад ва гуноҳашро эътироф кард

Мурофиаи чаҳор рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) пушти дарҳои баста баргузор шуд ва наздикону пайвандон ва журналистон ба он роҳ наёфтанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигорнро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд ки онҳоро фавран озод кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.