Даромади Тоҷикистон аз фурӯши фулузот ва сангҳои қиматбаҳо қариб 60% кам шуд

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 421 млн доллар фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳо содир намуд. Тавре ки Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ин нишондиҳанда 59,4% камтар аст. Сарфи назар аз кам шудани даромад, фурӯши ин маҳсулот давоми моҳҳои январ-сентябр […]

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 421 млн доллар фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳо содир намуд.

Тавре ки Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ин нишондиҳанда 59,4% камтар аст.

Сарфи назар аз кам шудани даромад, фурӯши ин маҳсулот давоми моҳҳои январ-сентябр зиёда аз чор як ҳиссаи ҳаҷми умумии содиротро дар ин давра ташкил медиҳад.

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар зиёда аз 1,6 млрд долларро ташкил додааст, ки 5,5% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Зиёда аз 40% аз содироти кишварро маҳсулоти минералӣ (семент, маъдан ва консентратҳо, ангишт, неруи барқ ва дигар ашёи хом), беш аз 16%-ашро – фулузоти арзон ва маснуот аз он (алюминий ва маснуот аз он) ташкил додааст.

Ҳаҷми содирот дар ин давра 2,3 баробар аз воридот камтар аст. Дар давоми 9 моҳ ба ҷумҳурӣ ба маблағи ҳудуди 3,8 млрд доллар молу маҳсулот ворид шудааст, ки 25,7% зиёдтар дар муқоиса бо моҳҳои январ-сентябри соли 2021 мебошад.

Молу маҳсулоти Тоҷикистон асосан ба Қазоқистон (23% аз ҳаҷми умумии содирот), Чин (18%), Ӯзбекистон (9,2%), Туркия (8,7%) ва Афғонистон (5,8%) интиқол дода шудааст.

Гардиши моли хориҷии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон ба зиёда аз 5,4 млрд доллар баробар шудааст, ки 18,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Ба сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия (беш аз 1,2 млрд доллар), Қазоқистон (зиёда аз 1 млрд доллар) ва Чин (965 млн доллар) дохил шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.