37 адад нақлиёти мусофирбар, боркаш ва техникаи коммуналӣ. Туҳфаи Рустами Эмомалӣ ба чанд шаҳру ноҳия

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба чанд шаҳру навоҳии кишвар 37 мошини мусофиркашу боркаш ва техникаҳои коммуналӣ кӯмак кардааст. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд. Манбаъ мегӯяд, ин иқдом бо дарназардошти расидани фасли сармо рӯйи даст гирифта шуда, дар ин бора қарорҳои дахлдори раиси шаҳри Душанбе ҳам ба имзо расидааст. Кӯмаки Рустами Эмомалӣ ба […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба чанд шаҳру навоҳии кишвар 37 мошини мусофиркашу боркаш ва техникаҳои коммуналӣ кӯмак кардааст. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.

Манбаъ мегӯяд, ин иқдом бо дарназардошти расидани фасли сармо рӯйи даст гирифта шуда, дар ин бора қарорҳои дахлдори раиси шаҳри Душанбе ҳам ба имзо расидааст.

Кӯмаки Рустами Эмомалӣ ба шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Роғун, Нуробод, Рашт, Варзоб, Файзобод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ расонида шуд.

“Он аз 37 адад воситаи нақлиёти мусофирбар, боркашонӣ ва техникаҳои коммуналӣ иборат буда,  ҳамчун кумаки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ин шаҳру навоҳӣ расонида шуд”, – омадааст дар иттилоияи шаҳрдории Душанбе.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.