Барои куштани таксирони тоҷик дар Пулково ҳамватанаш ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Суди ноҳияи Маскав рӯзи 26 октябр ҳукми гунаҳкор ба куштори таксирон – шаҳрванди Тоҷикистон Эмомалӣ Давлатовро, ки дар назди фурудгоҳи “Пулково”-и Санкт-Петербург сурат гирифта буд, эълон кард. Гунаҳкор ҳамватани марҳум Юнусҷон Юсупов мебошад, ки ба 7 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии “Санкт-Петербург”. Мувофиқи маълумоти мақомоти тафтишот, Юсупов ронандаи таксиро бо […]

Asia-Plus

Суди ноҳияи Маскав рӯзи 26 октябр ҳукми гунаҳкор ба куштори таксирон – шаҳрванди Тоҷикистон Эмомалӣ Давлатовро, ки дар назди фурудгоҳи “Пулково”-и Санкт-Петербург сурат гирифта буд, эълон кард. Гунаҳкор ҳамватани марҳум Юнусҷон Юсупов мебошад, ки ба 7 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии “Санкт-Петербург”.

Мувофиқи маълумоти мақомоти тафтишот, Юсупов ронандаи таксиро бо корд аввал ба гарданаш ва сипас боз 20 маротиба ба дигар қисмҳои баданаш зарба задааст. Ӯро баъди 5 рӯз дар шаҳри Пенза боздошт намуданд. Ба савол дар бораи чаро куштани ҳамватанш ӯ чунин посух додааст: “Ин кори мост”.

Дар бораи чаро ҷинояткор барои куштори бераҳмона ҳамагӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст, хабар дода намешавад. Дигар ҷузъиёт низ дар хабар нест.

Қаблан Life хабар дода буд, ки Юнусҷон Юсупов шинос ва ҳамдиёри Эмомалӣ Давлатов буда, сабаби куштор муноқишаи шахсӣ будааст, ки байни онҳо дар ватан рух додааст. Сипас ҳарду озими Русия шуда, лекин Юсупов озордиҳандаи худро фаромӯш накарда будааст. Ба хотири вохӯрӣ бо Эмомалӣ ӯ ба Петербург меояд. Дар автомашинае, ки каме дуртар аз фурудгоҳ қарор дошт, онҳо ба муноқиша пардохта, озордида корди пешакӣ харидаашро истифода мебарад.

Ҷасади таксирон бо захмҳои зиёди корд ва гулӯи бурида баъди ду рӯз, 23 январ дарёфт шуд. Кордро ҷиноякор дар автомашина мемонад.

Баъди чанде Кумитаи тафтишоти Петербург ва вилояти Ленинград хабар дод, ки дар Пенза ба гумони даст доштан дар ин куштор марди 18-сола боздошт шудааст. Ҳамон вақт як қатор ВАО хабар доданд, ки боздоштшуда ҳамватан ва шиноси кушташуда мебошад, ки махсус барои қасосгирӣ аз ҳамдиёраш ба Санкт-Петербург омадааст.

Давлатови кушташуда охири моҳи декабри соли 2021 ба Русия омада, 23 январи соли 2022 ҷасадаш дарёфт шуд. Рӯзи 26 январ ҷасади ӯ ба ватан фиристода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.