“Рӯзи сиёҳ” дар Қирғизистон. Расонаҳо аз нашри иттилоъ худдорӣ карданд

Имрӯз, 28-уми октябр, дар Қирғизистон дар робита ба фишори бесобиқа ба расонаҳои озод “маъракаи иттилоотӣ алайҳи фишор болои ВАО” оғоз шуда, “Рӯзи сиёҳ” эълон гардид. Ин тасмим аз ҷониби расонаҳои озоди Қирғизистон вобаста ба масдуд кардани сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ гирифта шудааст ва ҳама расонаҳо аз соати 09:00 то 12:00 ҳеч гуна хабар нашр […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 28-уми октябр, дар Қирғизистон дар робита ба фишори бесобиқа ба расонаҳои озод “маъракаи иттилоотӣ алайҳи фишор болои ВАО” оғоз шуда, “Рӯзи сиёҳ” эълон гардид.

Ин тасмим аз ҷониби расонаҳои озоди Қирғизистон вобаста ба масдуд кардани сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ гирифта шудааст ва ҳама расонаҳо аз соати 09:00 то 12:00 ҳеч гуна хабар нашр намекунанд.

Ба ин маърака тамоми рӯзноманигорони пешқадам, муҳаррирон, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва созмонҳои расонаии Қирғизистон ҳамроҳ шуданд.

Расонаҳои Қирғизистон аз мақомот даъват мекунад, ки фишори густарда ва бесобиқа бар озодии баён ва озодии матбуотро қатъ карда, ҳамзамон таъқиби рӯзноманигорон, блогерҳо, фаъолони шаҳрвандӣ ва дигар шахсонеро, ки озодона андешаи худро баён мекунанд, хотима диҳанд.

Ҳамин тавр, расонаҳои Қирғизистон субҳи имрӯз аз нашри ҳама гуна хабар худдорӣ намуда, бо хештегҳои “Хабар нест”, “Фишор ба расонаҳо ҳаст!”, “#kuchchyndykta” ва “#silavpravde” имрӯзро барои ВАО “Рӯзи сиёҳ” эълом намудаанд.

“Мо ҳама ҳамкасбонро даъват мекунем, ки ба ин иқдом ҳамроҳ шаванд, зеро фардо ин басташавӣ метавонад, ки ба ҳар яки мо таъсир расонад”, – навиштааст хабаргузории “Kaktus-media”.

Ин хабаргузории Қирғизистон аз ҳама хонандагонаш хоҳиш намудааст, ки дар платформаҳои худ барои баррасии вазъи кунунӣ, нашри мавод дар бораи фишори бесобиқа ва ғайриқонунӣ ба ВАО ба ҳадди аксар истифода баранд.

Бояд гуфт, бинобар пӯшиш додани ҳодисаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи сентябр сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз ҷониби Вазорати фарҳангу иттилооти ин кишвар барои ду моҳ масдуд карда шуд, ки расонаҳои ин кишвар онро “тасмими ғайриқонунӣ” меноманд.

Вазорати фарҳангу иттилооти Қирғизистон иддао мекунад, ки бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар танишҳои марзии ахир “барқасдона тарафи Тоҷикистонро гирифт”, вале Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ин даъвои ҷониби Қирғизистонро қонеона рад менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.